https://sputnik.tj/20231109/toqaev-hosilnoki-osiyoi-markazi-kohish-1060405804.html
Тоқаев: Ҳосилнокӣ то соли 2050 дар минтақаи Осиёи Марказӣ 30% коҳиш меёбад
Тоқаев: Ҳосилнокӣ то соли 2050 дар минтақаи Осиёи Марказӣ 30% коҳиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қазоқистон дар форуми минтақавии Қазоқистону Русия таъкид кард, ки хушксоливу обхезӣ яке аз сабабҳои аслии коҳиши ҳосил дар минтақаи ОМ хоҳад шуд
2023-11-09T17:23+0500
2023-11-09T17:23+0500
2023-11-09T17:25+0500
қазоқистон
об
қосим -жомарт тоқаев
норасоӣ
хушксолӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/08/1057619129_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b70daad0dad06c07b00233e3cba696b.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, дар форуми минтақавии Қазоқистону Русия гуфт, хушксолӣ ва обхезӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад то соли 2050 ҳосили зироатҳоро то 30% коҳиш диҳад.Вай илова кард, ки тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2050 хушксолӣ ва обхезӣ дар Осиёи Марказӣ боиси то 30% коҳиш ёфтани ҳосили зироат хоҳад шуд.“Бахши кишоварзии мо беш аз 60% обро масраф мекунад ва ҷорӣ намудани васеъи технологияҳои каммасрафи обро тақозо мекунад”, - қайд кард оқои Тоқаев дар форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистон ва Русия, ки дар шаҳри Қустанай баргузор шудааст.Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар Қазоқистон бунёди 20 ва бозсозии на камтар аз 15 обанбор ва бозсозии беш аз 3,5 ҳазор километр каналҳо дар назар аст.Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар СММ аз афзоиши офатҳои табиӣ ҳушдор дода, афзуд, ки дар меҳвари ин равандҳо об қарор дорад.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад."Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд. Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем", - гуфт ӯ.Вай кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории судманд дар ин масоил даъват намуда, изҳор дошт, ки об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.Об нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем, таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20231109/rahmon-sozmoni-hamkorii-iqtisodi-tojikiston-ahamiyat-1060400815.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/08/1057619129_308:0:3039:2048_1920x0_80_0_0_c58d486c301be68dfa81dac06f940a15.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, тоқаев, об, норасоӣ, хушксолӣ, осиёи марказӣ, русия, раисҷумҳур, кишоварзӣ
қазоқистон, тоқаев, об, норасоӣ, хушксолӣ, осиёи марказӣ, русия, раисҷумҳур, кишоварзӣ
Тоқаев: Ҳосилнокӣ то соли 2050 дар минтақаи Осиёи Марказӣ 30% коҳиш меёбад
17:23 09.11.2023 (Навсозишуда: 17:25 09.11.2023) Раисҷумҳури Қазоқистон дар форуми минтақавии Қазоқистону Русия таъкид кард, ки хушксоливу обхезӣ яке аз сабабҳои аслии коҳиши ҳосил дар минтақаи ОМ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, дар форуми минтақавии Қазоқистону Русия гуфт, хушксолӣ ва обхезӣ дар Осиёи Марказӣ метавонад то соли 2050 ҳосили зироатҳоро то 30% коҳиш диҳад.
"Мушкилоти таъхирнопазир барои Қазоқистон ин норасоии об аст. Сатҳи ниёзмандӣ ба об дар бахшҳои муҳими иқтисодиёти мо, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ вазъро боз ҳам бадтар кардааст”, - таъкид кард Тоқаев.
Вай илова кард, ки тибқи пешгӯиҳои коршиносон, то соли 2050 хушксолӣ ва обхезӣ дар Осиёи Марказӣ боиси то 30% коҳиш ёфтани ҳосили зироат хоҳад шуд.
“Бахши кишоварзии мо беш аз 60% обро масраф мекунад ва ҷорӣ намудани васеъи технологияҳои каммасрафи обро тақозо мекунад”, - қайд кард оқои Тоқаев дар форуми ҳамкориҳои байниминтақавии Қазоқистон ва Русия, ки дар шаҳри Қустанай баргузор шудааст.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, дар Қазоқистон бунёди 20 ва бозсозии на камтар аз 15 обанбор ва бозсозии беш аз 3,5 ҳазор километр каналҳо дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар СММ аз афзоиши офатҳои табиӣ ҳушдор дода, афзуд, ки дар меҳвари ин равандҳо об қарор дорад.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон меҳвари ин равандҳоро об ҳамчун асоси ҳаёти инсоният ва василаи муҳимми таъмин намудани рушди устувор ташкил медиҳад.
"Ба ин манзур, бояд иқдомоте рӯйи даст гирифта шаванд, ки ба амалҳо ва тартиби корбарии мо тағйироти ҷиддӣ ворид менамоянд. Маҳз бо ворид кардани чунин тағйирот мо метавонем ба ояндаи аз лиҳози захираҳои об амну осуда умед бандем", - гуфт ӯ.
Вай кишварҳои ҷаҳонро ба ҳамкории судманд дар ин масоил даъват намуда, изҳор дошт, ки об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққй, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад.
Об нерӯи бузург дорад ва мо бояд аз он дурусту оқилона истифода барем, таъкид намуд раисҷумҳури Тоҷикистон.