https://sputnik.tj/20231109/rahmon-sozmoni-hamkorii-iqtisodi-tojikiston-ahamiyat-1060400815.html
Раҳмон гуфт, Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад
Раҳмон гуфт, Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои СҲИ дар бораи густариш ёфтани ҳамкориҳои пешниҳодҳо худро ироа кард
2023-11-09T15:09+0500
2023-11-09T15:09+0500
2023-11-10T14:36+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
раисҷумҳур
сҳи
равобит
ҳамкорӣ
суханронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060399087_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_9a86b1789baeb556b2be0664295470d9.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ гуфт, ҳамкорӣ дар доираи СҲИ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муайян гардидааст. Аз ҷумла вай афзуд, ки сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар айни замон беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад, тамоюли умумии афзоишро нигоҳ доштааст.Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ёдрас шуд, ки сарфи назар аз ин тамоюлҳои мусбат қисми зиёди иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то ҳол истифода нагардидааст.Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ барои ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, пешниҳод кард.Инчунин раҳбари Тоҷикистон дар бораи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршавандаро, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди иқтисоди “сабз” маҳсуб мешаванд, пешниҳодҳои асоснок намуданд.Дар робита ба бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Созмон Президенти Тоҷикистон махсусан таъкид намуд, ки ҷумҳурӣ ният дорад дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ-Ғарб ва Осиёи Марказӣ -Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем.Дар ин замина Президенти Тоҷикистон ба Котиботи СҲИ бо пешниҳоди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ва дурнамои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо бо мақсади рушди минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муроҷиат намуданд.
https://sputnik.tj/20231109/mirziyoev-dushanbe-muloqot-rahbar-tojikiston-uzbekiston-1060390545.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060399087_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_aa5b49cb3097784fd1f7330f55bafd4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сҳи, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, густариш, ҳамкорӣ, пешниҳод
тоҷикистон, сҳи, эмомалӣ раҳмон, иқтисод, густариш, ҳамкорӣ, пешниҳод
Раҳмон гуфт, Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад
15:09 09.11.2023 (Навсозишуда: 14:36 10.11.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш таъкид кард, ки кишварҳои узви СҲИ шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ гуфт, ҳамкорӣ дар доираи СҲИ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар муайян гардидааст.
“Ҳамкориҳои амалӣ дар доираи СҲИ дар сиёсати Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд”, - гуфт раҳбари кишвар.
Аз ҷумла вай афзуд, ки сарфи назар аз тамоюлҳои буҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки дар айни замон беш аз ду триллион долларро ташкил медиҳад, тамоюли умумии афзоишро нигоҳ доштааст.
“Пешгӯӣ мешавад, ки афзоиши миёнаи ММД дар аксари давлатҳои СҲИ аз рӯи ҷамъбасти соли равон беш аз панҷ дарсадро ташкил хоҳад дод”,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон ёдрас шуд, ки сарфи назар аз ин тамоюлҳои мусбат қисми зиёди иқтидори ҳамкории иқтисодии давлатҳои аъзои Созмон то ҳол истифода нагардидааст.
Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ барои ташкили низомҳои мусоиди ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, кумаки ҳамаҷониба ба давлатҳои аъзои Созмон, ки роҳи баромади баҳрӣ надоранд, ташкили робитаҳои мустаҳками нақлиётии дохилиминтақавӣ ва байниминтақавӣ, пешниҳод кард.
Инчунин раҳбари Тоҷикистон дар бораи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳамчун ҷузъи муҳими амнияти озуқавории минтақа ва истифодаи манбаъҳои иқтидори барқароршавандаро, ки ҳамчун яке аз ҷузъҳои асосии рушди иқтисоди “сабз” маҳсуб мешаванд, пешниҳодҳои асоснок намуданд.
Дар робита ба бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Созмон Президенти Тоҷикистон махсусан таъкид намуд, ки ҷумҳурӣ ният дорад дар рушди инфрасохтори нақлиётӣ дар самти Шарқ-Ғарб ва Осиёи Марказӣ -Ҷанубӣ нақши муносиб гузорем.
Дар ин замина Президенти Тоҷикистон ба Котиботи СҲИ бо пешниҳоди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият ва дурнамои ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳо бо мақсади рушди минбаъдаи он дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муроҷиат намуданд.