Сегрт ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон 24 бозигарро даъват кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи ТоҷикистонСборная Таджикистана готовится к CAFA-2023
Сборная Таджикистана готовится к CAFA-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Ситоди мураббиёни тими Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт ҳайати мунтахабро барои бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаҳои Урдун ва Покистон эълон кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт, сармураббии тими Тоҷикистон барои бозӣ бо тимҳои Урдун (16 ноябр, Душанбе) ва Покистон (21 ноябр, Исломобод) 24 бозигарро даъват кардааст.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла ситоди мураббиён 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро барои рақобат бо Урдун ва Покистон даъват намудаанд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 ноябр дар шаҳри Душанбе омодагӣ ба бозиҳоро оғоз менамояд.
Мэр Душанбе и председатель Национального совета (Маджлиси Милли) Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2023
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Ёдовар мешавем, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон барандаи "Ҷоми Мердека-2023" шуда буд.
Дар бозии ниҳоӣ барои "Ҷоми Мердека-2023" тими мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.
Дар марҳилаи қаблии ин мусобиқа дастаи Тоҷикистон тими Ҳиндустонро шикаст дода буд.
Маврид ба зикр аст, ки ба ин мусобиқаи байналмилалӣ мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бо бархе аз бозигарони нав рафт. Гуруҳе аз бозигарони тими "Истиқлол" ба далели омодагиҳо ба мусобиқаи дигар натавонистанд, ба Малайзия раванд.
Лентаи хабарҳо
0