Раҳмон соҳибкорони Эронро ба сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика даъват кард

© Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон
Иштирок дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Раҳбари Тоҷикистон дар Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Эрон соҳибкорони ду кишварро ба ҳамкории бештар даъват кард
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид.
Ҳамчунин раҳбари Тоҷикистон зимни суханрониаш дар бораи самтҳои асосию стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат ва имкону захираҳои табии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуд.
Раиси парлумони Тоҷикистон дар дидор бо раисҷумҳури Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Зокирзода: Имрӯз дар тамоми самти ҳамкории Тоҷикистону Эрон пешравиҳо дида мешаванд
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш ҳамчунин дар бораи зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду давлат дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён намуд.
Раҳбари Тоҷикистон дар суханрониаш таъкид кард, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкории барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.
Лентаи хабарҳо
0