https://sputnik.tj/20231109/rahmon-sarmoyaguzoron-tojikiston-sadho-sabuki-1060387695.html
Раҳмон: ба сармоягузорон дар Тоҷикистон садҳо сабукӣ пешбинӣ шудаст
Раҳмон: ба сармоягузорон дар Тоҷикистон садҳо сабукӣ пешбинӣ шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бо иштироки ҳайати васеи мақомдорони давлатии ду кишвар баргузор гардид
2023-11-09T09:03+0500
2023-11-09T09:03+0500
2023-11-09T11:41+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
эмомалӣ раҳмон
эрон
ҳамоиш
сабукӣ
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_242:0:2758:1415_1920x0_80_0_0_61d381a35794d93026806d28b4c0974e.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Раисӣ дар ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони ду кишвар иштироку суханронӣ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон таъкид намуд, ки таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф кардааст.Вай сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуда, ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт таваҷҷуҳ намуд. Президенти Тоҷикистон гуфт, зарфияти бузурги ҳамкорӣ дар саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ мавҷуд мебошад.
https://sputnik.tj/20231108/rushd-sanoat-sabuk-tojikiston-iiao-1060385070.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102524/64/1025246492_556:0:2443:1415_1920x0_80_0_0_a2cc3fca898bf7e78f06f845acd82f3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабукӣ, сармоягузор, садҳо, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, эрон
сабукӣ, сармоягузор, садҳо, тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, эрон
Раҳмон: ба сармоягузорон дар Тоҷикистон садҳо сабукӣ пешбинӣ шудаст
09:03 09.11.2023 (Навсозишуда: 11:41 09.11.2023) Дар Душанбе ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бо иштироки ҳайати васеи мақомдорони давлатии ду кишвар баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳими Раисӣ дар ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони ду кишвар иштироку суханронӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон таъкид намуд, ки таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.
Вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф кардааст.
"Тибқи қонунгузориҳои кишвар, барои сармоягузорону соҳибкорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзу сабукиҳо дар самтҳои андозу гумрук пешбинӣ шудааст", - зикр намуд Раҳмон.
Вай сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуда, ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт таваҷҷуҳ намуд.
Президенти Тоҷикистон гуфт, зарфияти бузурги ҳамкорӣ дар саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ мавҷуд мебошад.