Рушди саноати сабук дар Тоҷикистон ва ИИАО

Обуна шудан
Саноати сабук дар Тоҷикистон чун дар ИИАО рӯй ба рушд ниҳода, шумораи чунин корхонаҳо дар 9 моҳи соли равон ба 815 адад ва коргаронашон ба 18 ҳазор нафар расид
Қисмати бештари корхонаҳои саноати сабук дар Тоҷикистон ба коркарди пахта машғул мебошад.
Ба иттилои Вазорати саноати Тоҷикистон, аз шумораи умумии 815 адад корхона, 242 корхонаи хурду калони коркарди пахта бо 3,8 ҳазор ҷои кор, 125 корхонаи бофандагӣ ва қолинбофӣ – 7 ҳазор ҷойи корӣ, 173 корхонаи дӯзандагӣ – 3,7 ҳазор ҷойи корӣ ва 142 корхонаи мебелсозӣ бо 965 ҷойи корӣ мебошанд.
Дар қаламрави Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешсаф аз рӯи шумораи корхонаҳои саноати сабук Русия мебошад, ки 20 ҳазор корхона дорад.
Дар се соли оянда дар вилояти Суғд коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мегардад
Дар зинаи дуюм Қирғизистон бо 8 ҳазор корхона ва Белорус дар мақоми сеюм бо 1,9 ҳазор корхонаи саноати сабук қарор гирифтаст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Душанбе 7 корхонаи нави саноатӣ ифтитоҳ ёфт.
Иншооти мазкур дар чаҳорчӯби Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Лентаи хабарҳо
0