Раҳмон аз рушди долони нақлиётии "Шимол - Ҷануб" пуштибонӣ кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, долони нақлиётии "Шимол-Ҷануб" ба тавсеаи зарфияти транзити минтақа мусоидат мекунад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Долони нақлиётии "Шимол - Ҷануб" ба рушд ниёз дорад.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар Тошканд изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Тоҷикистон, ин тарҳ ба тавсеъаи зарфияти транзити минтақа кумак мекунад.

"Шимол-Ҷануб" чист?

Долон бояд кишварҳои соҳили Балтикаро бо Ҳиндустон тавассути Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистон пайваст кунад. Ин як масири мултимодалӣ аст, яъне молҳо бо навъҳои гуногуни нақлиёт – автомобилӣ, роҳи оҳан, баҳрӣ интиқол дода мешаванд.
Се шохаи долони "Шимол - Ҷануб" ҷудо кардан мумкин аст:
Транскаспий - дар саросари баҳри Хазар;
Ғарбӣ — қад-қади соҳили ғарбии баҳри Хазар:
Шарқӣ - дар соҳили шарқии баҳри Хазар
Созишномаи долони мазкур дар моҳи сентябри соли 2000 аз ҷониби Ҳиндустон, Эрон ва Русия имзо шуда буд.
Баъдтар Қазоқистон, Белорус, Уммон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Сурия ба ин лоиҳа ҳамроҳ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 8-9 ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон нишасти 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҷараён дорад.
Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2023
Мирзиёев даъват кард, ки Афғонистонро ба равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамроҳ кунанд
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели сафари расмии ҳамтои эронии худ Иброҳим Раисӣ ба Душанбе ба онҷо дер омад.
Қаблан дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбекистон хабар дода буд, ки ширкаткунандагони ҳамоиш масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ, коммуникатсия ва башардӯстона дар доираи ЭКО ва беҳбуди фаъолияти ин сохтори бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар чорабинӣ ба ҷуз аз раҳбари Тоҷикистон, сарони Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон ва Покистон низ даъват шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0