Ба тартиби гирифтани патент аз соли 2024 чӣ тағйирот ворид мешавад

Обуна шудан
Эксклюзив
Аз соли 2024 муҳоҷирони корӣ метавонанд ВКД Русияро дар бораи гирифтани патент тавассути хадамоти давлатӣ огоҳ кунанд
Вазорати корҳои дохилии Русия аз навовариҳо дар тартиби гирифтани патент барои шаҳрвандони хориҷӣ хабар дод.
Нозукиҳои тартиби навро Sputnik Тоҷикистон бо номзади илмҳои ҳуқуқ Дмитрий Ярошенко ба таври муфассал баррасӣ кард.
То 1 январи соли 2024 ва тибқи таҷрибаи мавҷуда, шаҳрванди хориҷӣ, ки патент дорад бояд дар давоми ду моҳ ба хадамоти муҳоҷират мувофиқан шартномаи меҳнатӣ, шартномаи ҳуқуқии гражданӣ пешниҳод намояд, ин корро шахсан анҷом додан ё фиристодан мумкин аст, ёдовар шуд мутахассис.
Қоидаҳои нави гирифтани шаҳрвандии Русия: хоҳишмандонро чӣ интизор аст
Ҳамчунин корфармо бояд дар давоми се рӯз дар бораи ба кор қабул кардани шаҳрванди хориҷӣ огоҳинома пешниҳод кунад - ҳуҷҷат дубора мустақиман ба шӯъбаи ҳудудии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба муҳоҷират пешниҳод карда мешавад.
Агар ин ҳама иҷро нашавад, шаҳрванди хориҷӣ имкони тамдид кардани сабти номро аз даст медиҳад, шарҳ дод ӯ.
Маълумоти муфассалро аз видео омоданамуда пайдо кунед.
Лентаи хабарҳо
0