https://sputnik.tj/20230704/teppai-qurghon-navsozi-chi-guna-1058062850.html
Теппаи Қӯрғон навсозӣ мешавад: Он чӣ гуна хоҳад буд?
Теппаи Қӯрғон навсозӣ мешавад: Он чӣ гуна хоҳад буд?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Хатлон аз теппаи Қӯрғон, ки дар маркази шаҳри Бохтар ҷойгир буда, аз маъруфтарин ҷойҳои тамошои вилоят ба шумор меравад, боздид намуд
2023-07-04T12:05+0500
2023-07-04T12:05+0500
2023-07-04T12:06+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
бозсозӣ
таърих
бохтар
қӯрғонтеппа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_db86ea849a1e100b3a2cc5e3f67bd84c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, бозсозӣ мешавад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон. Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят, Давлаталӣ Саид аз теппаи "Қӯрғон" боздид намуда, бо тарҳҳои бозсозии он шинос шудааст. Масъулони Бохтар ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҷамъияти "Шаҳрофари Душанбе" лоиҳаҳои намунавии "Теппаи Қӯрғон" омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии "Теппаи Қӯрғон" бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд."Азнавсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд", - изҳор дошт Давлаталӣ Саид. Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, пайдоиши теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.Манбаъ афзуд, ки дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии "Бибихонум"-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
https://sputnik.tj/20230627/boghshahr-murchakhona-memori-dushanbe-muosir-1057945844.html
қӯрғонтеппа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_36:0:1000:723_1920x0_80_0_0_6660dcf2353d3a5dec02477864db72b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
теппа, қӯрғон, чӣ, гуна, тамошо, вилоят
теппа, қӯрғон, чӣ, гуна, тамошо, вилоят
Теппаи Қӯрғон навсозӣ мешавад: Он чӣ гуна хоҳад буд?
12:05 04.07.2023 (Навсозишуда: 12:06 04.07.2023) Раиси Хатлон аз теппаи Қӯрғон, ки дар маркази шаҳри Бохтар ҷойгир буда, аз маъруфтарин ҷойҳои тамошои вилоят ба шумор меравад, боздид намуд
ДУШАНБЕ, 4 июл – Sputnik. Мавзеи таърихии теппаи Қӯрғон, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар, бозсозӣ мешавад, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон.
Ба иттилои манбаъ, раиси вилоят, Давлаталӣ Саид аз теппаи "Қӯрғон" боздид намуда, бо тарҳҳои бозсозии он шинос шудааст.
Масъулони Бохтар ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки аз ҷониби якчанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҷамъияти "Шаҳрофари Душанбе" лоиҳаҳои намунавии "Теппаи Қӯрғон" омода шудаанд.
Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии "Теппаи Қӯрғон" бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.
"Азнавсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби кишвар мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд", - изҳор дошт Давлаталӣ Саид.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон мегӯяд, пайдоиши теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.
Манбаъ афзуд, ки дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии "Бибихонум"-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.