https://sputnik.tj/20231109/rahmon-toshkand-safari-korii-raisjumhur-tojikiston-uzbekiston-1060389830.html
Раҳмон дар Тошканд: Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
Раҳмон дар Тошканд: Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш дар пойтахти Ӯзбекистон дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов фуруд омад
2023-11-09T10:11+0500
2023-11-09T10:11+0500
2023-11-09T11:40+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
тошканд
эмомалӣ раҳмон
сҳи
сарвазир
фурудгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060389664_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_6d7639bc694620e9b083092ec18ceec2.jpg
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ барои иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Узбекистон шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Президенти кишварро сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Ёдоварӣ мекунем, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.Тавре қаблан Вазорати корҳои хориҷа хабар дода буд, ҳадафи сафари президент ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст.Тибқи гузориши дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон қарор аст, дар он сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар ширкат кунанд.Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд."Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20231108/safar-prezident-eron-tojikiston-tasvir-1060384788.html
ӯзбекистон
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060389664_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_eb3f8f4389d9d9e62f6bc5abf745df62.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, сафар, тошканд, раҳмон, фурудгоҳ
тоҷикистон, ӯзбекистон, сафар, тошканд, раҳмон, фурудгоҳ
Раҳмон дар Тошканд: Сафари кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон
10:11 09.11.2023 (Навсозишуда: 11:40 09.11.2023) Ҳавопаймои раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш дар пойтахти Ӯзбекистон дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ислом Каримов фуруд омад
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ барои иштирок дар Саммити 16-уми Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) вориди шаҳри Тошканди Узбекистон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов Президенти кишварро сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Тавре қаблан Вазорати корҳои хориҷа хабар дода буд, ҳадафи сафари президент ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст.
Тибқи гузориши дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон қарор аст, дар он сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар ширкат кунанд.
Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.
"Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.