https://sputnik.tj/20231108/viloyati-eron-sohibkor-voridi-tojikiston-1060366880.html
Танҳо аз як вилояти Эрон 58 нафар соҳибкор вориди Тоҷикистон шуд
Танҳо аз як вилояти Эрон 58 нафар соҳибкор вориди Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамоиши тиҷорӣ дар Душанбе 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик ширкат хоҳанд кард
2023-11-08T10:22+0500
2023-11-08T10:22+0500
2023-11-08T11:32+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сармоягузорӣ
соҳибкор
хуросон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Равшанак гуфт, ҳамзамон бо сафари раисҷумҳурии Эрон ба шаҳри Душанбе, ҳайати тиҷории 58 нафара аз мудирону фаъолони иқтисодӣ, бозаргонону корофаринони Хуросони Разавӣ ва бархе устонҳои кишвар ба Тоҷикистон сафар карданд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".Оқои Равшанак афзуд, ин шумори болои фаъолони иқтисодӣ аз кишвари Эрон, ки ба Тоҷикистон сафар карданд, нишон аз равобити матлуби тиҷорӣ байни ду кишвар дорад.Вай бо баёни ин, ки бештари аъзои ин ҳайати тиҷорӣ марбут ба устони Хуросони Разавӣ аст, гуфт, дар ин ҳайат муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондорӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорат ва раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи шимоли шарқ дар Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин панҷ нафар аз аъзои ҳайати раисаи Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ ҳузур доранд.Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон афзуд, ин сафар дар посух ба сафари ҳайати тиҷорӣ - корофаринии кишвари Тоҷикистон ба Эрон ва Хуросони Разавӣ аст ва қарор аст, дар ҳамоиши тиҷорӣ - корофаринӣ – созандагӣ 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъололни иқтисодии тоҷик ширкат кунанд.Вай бо ишора ба муҳимтарин масоиле, ки дар сафари ҳайати тиҷории Хуросони Разавӣ ба Душанбе дунбол мешавад ҳам гуфт, лағви раводид, таъмини вагон барои содироту осонсозии масири ҳамлу нақли коло аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс, ҳамоҳангии стандарти муштарак барои табодули колоҳо бо Тоҷикистон, коҳиши тарофа ва боҷи воридоти бархе колоҳо аз Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон аз хостаҳои ҳайати тиҷории Эрон дар ин сафар аст.
https://sputnik.tj/20231107/rahmon-raisi-vaz-ghazza-barrasi-1060363581.html
эрон
хуросон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, соҳибкор, ворид, иқтисод, равобит, душанбе
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, соҳибкор, ворид, иқтисод, равобит, душанбе
Танҳо аз як вилояти Эрон 58 нафар соҳибкор вориди Тоҷикистон шуд
10:22 08.11.2023 (Навсозишуда: 11:32 08.11.2023) Дар ҳамоиши тиҷорӣ дар Душанбе 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъолони иқтисодии тоҷик ширкат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Равшанак гуфт, ҳамзамон бо сафари раисҷумҳурии Эрон ба шаҳри Душанбе, ҳайати тиҷории 58 нафара аз мудирону фаъолони иқтисодӣ, бозаргонону корофаринони Хуросони Разавӣ ва бархе устонҳои кишвар ба Тоҷикистон сафар карданд, иттилоъ додааст "Садои Хуросон".
Оқои Равшанак афзуд, ин шумори болои фаъолони иқтисодӣ аз кишвари Эрон, ки ба Тоҷикистон сафар карданд, нишон аз равобити матлуби тиҷорӣ байни ду кишвар дорад.
Вай бо баёни ин, ки бештари аъзои ин ҳайати тиҷорӣ марбут ба устони Хуросони Разавӣ аст, гуфт, дар ин ҳайат муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондорӣ, мудири кулли санъат, маъдан ва тиҷорат ва раиси намояндагии вазорати умури хориҷаи шимоли шарқ дар Хуросони Разавӣ ва ҳамчунин панҷ нафар аз аъзои ҳайати раисаи Утоқи бозаргонии муштараки Эрону Тоҷикистон низ ҳузур доранд.
Раиси Утоқи муштараки Эрону Тоҷикистон афзуд, ин сафар дар посух ба сафари ҳайати тиҷорӣ - корофаринии кишвари Тоҷикистон ба Эрон ва Хуросони Разавӣ аст ва қарор аст, дар ҳамоиши тиҷорӣ - корофаринӣ – созандагӣ 100 нафар аз фаъолони иқтисодии эронӣ ва 150 нафар аз фаъололни иқтисодии тоҷик ширкат кунанд.
Вай бо ишора ба муҳимтарин масоиле, ки дар сафари ҳайати тиҷории Хуросони Разавӣ ба Душанбе дунбол мешавад ҳам гуфт, лағви раводид, таъмини вагон барои содироту осонсозии масири ҳамлу нақли коло аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс, ҳамоҳангии стандарти муштарак барои табодули колоҳо бо Тоҷикистон, коҳиши тарофа ва боҷи воридоти бархе колоҳо аз Ҷумҳурии исломӣ ба Тоҷикистон аз хостаҳои ҳайати тиҷории Эрон дар ин сафар аст.