Раҳмону Раисӣ вазъи Ғаззаро баррасӣ хоҳанд кард

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Обуна шудан
Хабаргузории эронӣ тафсилоти сафари президенти ҷумҳурии исломӣ ба Душанбе мавзуъҳои музокироташ бо раисҷумҳури Тоҷикистонро ифшо кардааст
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Яке аз мавзуъҳои мавриди баррасии раисиҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ва ҳамтои тоҷикаш, Эмомалӣ Раҳмон вазъ дар навори Ғазза хоҳад буд.
Дар ин бора хабаргузории эронии ISNA хабар додааст. Гуфта мешавад, ки дар доираи сафари расмӣ рӯзи 8 ноябр, баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи тиҷорат, иқтисод ва масоили байнулмилалӣ, ба хусус вазъи бӯҳронӣ дар навори Ғазза дар меҳвари музокироти дуҷониба қарор хоҳад гирифт.
Пас аз анҷоми қисмати расмӣ, руасои ду кишвар мулоқоти дуҷониба анҷом дода, сипас дар нишасти муштараки фаъолони иқтисодӣ ва тоҷирони Эрон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Президент Ирана Ибрахим Раиси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Бархе тафсилоти сафари Раисӣ ба Тоҷикистон маълум шуд
Манбаъ афзуд, ки дар ҷараёни ин сафар мақомоти Эрон ва Тоҷикистон ният доранд як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.
Пас аз ин интизор меравад, раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон барои ширкат дар 16-умин иҷлоси Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Тошканд сафар кунанд.
Қаблан Душанбеи расмӣ ҷонибҳои даргир дар Шарқи Наздикро ба оташбас даъват намуда, ҳалли масоил аз тариқи муколамаро муҳим хонда буд.
Лентаи хабарҳо
0