https://sputnik.tj/20231108/toshkand-prezident-uzbekiston-1060371402.html
Кадоме аз президентҳо ба Тошканд меоянд?
Кадоме аз президентҳо ба Тошканд меоянд?
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон феҳрасти президентҳо ва сарони ҳукуматҳоеро, ки дар мулоқоти СҲИ иштирок мекунанд, нашр намуд
2023-11-08T15:45+0500
2023-11-08T15:45+0500
2023-11-09T12:01+0500
мулоқот
президент
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
сиёсат
ӯзбекистон
созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060371223_0:130:1280:850_1920x0_80_0_0_5771a7b1f892a13df44fe0340bc580d3.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев президентҳои 7 кишвар иштирок мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон иттилоъ дода, феҳрасти иштирокдоронро нашр кардааст: Аз Қазоқистон дар ин ҳамоиш Алихон Смаилов ширкат хоҳад кард. Раиси ҳукумати муваққати Покистон Анвар ул-Ҳақ Какар ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Хусрав Назирӣ низ дар қатори иштирокдорон ҳастанд. Сафари ҳайатҳо ба Тошканд 8 ноябр оғоз гардида, Шавкат Мирзиёев бо раҳбарони бархе кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Аз ҷумла, дар ин рӯз музокирот бо руасои ҷумҳури Қирғизистону Туркия, раиси ҳукумати муваққати Покистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дар назар аст.Мулоқоти сатҳҳои баланд 9 ноябр дар нақша мебошад. Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон низ 9 ноябр ба шаҳри Тошканд парвоз кунад.
https://sputnik.tj/20231107/emomali-rahmon-toshkand-meravad-1060360667.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060371223_69:0:1202:850_1920x0_80_0_0_cd713c75f21479da220653755ed6a60a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
феҳраст, иштирокдорон, созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, мулоқот
феҳраст, иштирокдорон, созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, мулоқот
Кадоме аз президентҳо ба Тошканд меоянд?
15:45 08.11.2023 (Навсозишуда: 12:01 09.11.2023) Дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон феҳрасти президентҳо ва сарони ҳукуматҳоеро, ки дар мулоқоти СҲИ иштирок мекунанд, нашр намуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев президентҳои 7 кишвар иштирок мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон иттилоъ дода, феҳрасти иштирокдоронро нашр кардааст:
президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев;
президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев;
президенти Эрон Иброҳим Раисӣ;
президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов;
президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов;
президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Аз Қазоқистон дар ин ҳамоиш Алихон Смаилов ширкат хоҳад кард. Раиси ҳукумати муваққати Покистон Анвар ул-Ҳақ Какар ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Хусрав Назирӣ низ дар қатори иштирокдорон ҳастанд.
Сафари ҳайатҳо ба Тошканд 8 ноябр оғоз гардида, Шавкат Мирзиёев бо раҳбарони бархе кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Аз ҷумла, дар ин рӯз музокирот бо руасои ҷумҳури Қирғизистону Туркия, раиси ҳукумати муваққати Покистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дар назар аст.
Мулоқоти сатҳҳои баланд 9 ноябр дар нақша мебошад. Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон низ 9 ноябр ба шаҳри Тошканд парвоз кунад.