https://sputnik.tj/20231107/emomali-rahmon-toshkand-meravad-1060360667.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад
Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад
Sputnik Тоҷикистон
Дар барномаи ин сафар кишвардори Тоҷикистон мулоқотҳои алоҳида бо сарони дигар кишварҳои узви созмон дар назар нест. Ӯ субҳ рафтаву шом бармегардад
2023-11-07T17:28+0500
2023-11-07T17:28+0500
2023-11-07T17:33+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/51/1028685153_0:211:3072:1939_1920x0_80_0_0_28e10f2f2655575835f3c128928c12a3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари президент ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон фардо президенти Эрон Иброҳим Раисиро дар Душанбе истиқбол карда, субҳи 9 ноябр ба Тошканд меравад.Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст.Тибқи гузориши дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон дар он қарор аст сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар ширкат кунанд.Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд."Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.
https://sputnik.tj/20231013/energetikai-sabz-amniyat-rahmon-idm-1059948530.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102868/51/1028685153_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_920b6fa3a16720d68fe2cb08308a0309.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон тошканд сафар
эмомалӣ раҳмон тошканд сафар
Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад
17:28 07.11.2023 (Навсозишуда: 17:33 07.11.2023) Дар барномаи ин сафар кишвардори Тоҷикистон мулоқотҳои алоҳида бо сарони дигар кишварҳои узви созмон дар назар нест. Ӯ субҳ рафтаву шом бармегардад
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд меравад.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафари президент ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ аст.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон фардо президенти Эрон Иброҳим Раисиро дар Душанбе истиқбол карда, субҳи 9 ноябр ба Тошканд меравад.
Ҳамоиши мазкур рӯзҳои 8-9 ноябр дар шаҳри Тошканд дар назар аст.
Тибқи гузориши дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон дар он қарор аст сарони давлат ва ҳукуматҳои ҳашт кишвар ширкат кунанд.
Таъкид шудаст, ки нишасти 16-уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд.
"Дар ин чорабинӣ сарони давлат ва ҳукуматҳои Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Туркия ширкат хоҳанд кард", - омадааст дар иттилоия.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётию коммуникатсия ва гуманитарӣ дар доираи СҲИ, инчунин такмили фаъолияти ин сохтори бисёрҷониба баррасӣ мешаванд.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ташкилоти минтақавии байнидавлатии иқтисодист, ки соли 1985 таъсис ёфтааст. Феълан ба он Эрон, Покистон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомиланд.