https://sputnik.tj/20231028/muzokirot-tojikiston-qirghiziston-marz-1060200089.html
Музокироти дигари ҳафтаинаи Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марз анҷом ёфт
Музокироти дигари ҳафтаинаи Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марз анҷом ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Тафсилоти бештари ин дидори навбатӣ ифшо нашудааст, танҳо маълум аст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ сурат гирифт ва дидори навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
2023-10-28T14:31+0500
2023-10-28T14:31+0500
2023-10-28T18:05+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_0:10:927:531_1920x0_80_0_0_b0d8136e2f82708245216d4c62290da2.jpg
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи аломатгузории марз сурат гирифт.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.Тафсилоти бештари ин музокиротро ифшо нашудааст, танҳо маълум аст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва тафоҳум сурат гирифт ва интизор меравад, дидори навбатии намояндагони ду кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардад.Маврди ба зикр аст, ки баррасии хати сарҳади давлатӣ аз 22 то 28 октябр идома дошт. Интизор меравад, дар зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо тавофуқот ҳосил кунанд.Музокироти қаблӣ, ки рӯзҳои 12-18 октябр баргузор шуда буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи тақрибан 14 км марзи муштарак ба мувофиқа расида буданд. Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20231018/tojikiston-qirghiziston-kilometr-marz-muayyan-1060027753.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/01/1039209224_157:0:878:541_1920x0_80_0_0_893833fd7fcda655c04dea6626433cb8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон марз
тоҷикистон қирғизистон марз
Музокироти дигари ҳафтаинаи Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марз анҷом ёфт
14:31 28.10.2023 (Навсозишуда: 18:05 28.10.2023) Эксклюзив
Тафсилоти бештари ин дидори навбатӣ ифшо нашудааст, танҳо маълум аст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ сурат гирифт ва дидори навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон музокироти навбатии Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи аломатгузории марз сурат гирифт.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод.
"Дар мулоқоти навбатӣ ба ҳисоби масъулони дахлдор ҳамчунин намояндагони Кумитаи заминсозӣ иштирок доштанд", - афзуд манбаъ.
Тафсилоти бештари ин музокиротро ифшо нашудааст, танҳо маълум аст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва тафоҳум сурат гирифт ва интизор меравад, дидори навбатии намояндагони ду кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Маврди ба зикр аст, ки баррасии хати сарҳади давлатӣ аз 22 то 28 октябр идома дошт. Интизор меравад, дар зимни гуфтушунидҳо ҷонибҳо тавофуқот ҳосил кунанд.
Музокироти қаблӣ, ки рӯзҳои 12-18 октябр баргузор шуда буд, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бораи тақрибан 14 км марзи муштарак ба мувофиқа расида буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон миёни ҳам 970 километр марзи муштарак доранд ва то ҳанӯз чандсад километри он таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.
Гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ талош доранд, марзи боқимондаро бо дарназардошти ҳифзи манофеи дуҷониба таъйин ва аломатгузорӣ кунанд.