https://sputnik.tj/20231108/tajlil-ruzi-teatri-tojik-khatlon-1060367679.html
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи театри тоҷик дар Хатлон
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи театри тоҷик дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамоиши тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҳунарро ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик табрик намуд
2023-11-08T10:59+0500
2023-11-08T10:59+0500
2023-11-08T11:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҳунар
театр
рӯзи театри тоҷик
хатлон
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060367514_0:384:2048:1536_1920x0_80_0_0_f077d43097459b92f9b74f3f5ff4324a.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, зимни суханронӣ аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту" тӯли се соли охир ситоиш кард.“Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар мекунад”,- таъкид кард вай.Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлон тақдим гардид.Дар идома барноми ҷолиби консертӣ таҳти унвони "Ҷилваи ҳунар", ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд, намоиш дода шуд.
https://sputnik.tj/20230506/dushanbe-hunarmandon-teatr-qadrdoni-video-1056940562.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/08/1060367514_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_9e372ed44db18be1c9e3c908baf1d0db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, рӯзи театри тоҷик, ҳамоиш, тантана, ифтитоҳ, ҳунар, табрик, фарҳанг
тоҷикистон, хатлон, рӯзи театри тоҷик, ҳамоиш, тантана, ифтитоҳ, ҳунар, табрик, фарҳанг
Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи театри тоҷик дар Хатлон
10:59 08.11.2023 (Навсозишуда: 11:30 08.11.2023) Муовини раиси вилояти Хатлон, ҳамоиши тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аҳли ҳунарро ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик табрик намуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи театри тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, зимни суханронӣ аз дастовардҳои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов ёдовар шуда, аз музаффариятҳои ҳунармандони ин боргоҳ дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту" тӯли се соли охир ситоиш кард.
“Муҳимтарин дастоварди солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҳунармандони ин даргоҳ он аст, ки 25 августи соли 2016 бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои хуштарҳу замонавии театри мазкур дар самти фаъолияти касбии ҳунармандон мусоидати бештар мекунад”,- таъкид кард вай.
Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик ба ҳунармандони театри вилоятӣ Сипосномаи Мақомоти вилояти Хатлон тақдим гардид.
Дар идома барноми ҷолиби консертӣ таҳти унвони "Ҷилваи ҳунар", ки аз порчаҳои гуногуни саҳнавӣ иборат буд, намоиш дода шуд.