https://sputnik.tj/20230506/dushanbe-hunarmandon-teatr-qadrdoni-video-1056940562.html
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Sputnik Тоҷикистон
Намоишномаи "Мастер ва Маргарита"- и Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ҷоизаи Гран-прии ҷашнвораи театрӣ дар Душанберо гирифт
2023-05-06T17:27+0500
2023-05-06T17:27+0500
2023-05-06T17:27+0500
видео
душанбе
театр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/06/1056939732_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_d37fe9937722a2f2a1e525b84dd74004.jpg
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" баргузор шуд. Дар саҳнаи театр ғолибон аз рӯи 24 номинатсия ҷоиза гирифтанд. Ҷоизаи Гран-при ба Театри давлатии драмавии русии Тоҷикистон ба номи В.Маяковский барои намоиши “Мастер ва Маргарита” аз рӯи асари Михаил Булгаков, коргардон Хуршед Мустафоев дода шуд. Дар номинатсияи "Беҳтарин намоишнома" ҷои аввал насиби Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лаҳутӣ бо намоишномаи "Абри сафеди Чингизхон" аз рӯи асари Чингиз Айтматов, таҳти коргардон Сӯҳроб Усмонов гардид."Мастер ва Маргарита" дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд Ҷойи дувумро бо намоишномаи “Зол ва Рӯдоба”-и Абулқосим Фардосӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонов Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соҳиб шуд.Ҳайати ҳакамон ҷои сеюмро ба Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи "Торг"-и Умед Хусравов лоиқ донист.Дар ин озмун дар маҷмӯъ 18 театри касбии кишвар ширкат карда, беҳтарин намоишномаҳои худро дар солҳои 2021-2022 ба саҳна гузошта, ба ҳайати доварон ва тамошобинон пешкаш намуданд.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/06/1056939732_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_de32210ce1ca49361f054fa7f872f67c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе театр ҳунармандон қадрдонӣ
душанбе театр ҳунармандон қадрдонӣ
Дар Душанбе беҳтарин ҳунармандони театр қадрдонӣ шуданд - видео
Намоишномаи "Мастер ва Маргарита"- и Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ҷоизаи Гран-прии ҷашнвораи театрӣ дар Душанберо гирифт
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими пӯшидашавии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" баргузор шуд.
Дар саҳнаи театр ғолибон аз рӯи 24 номинатсия ҷоиза гирифтанд. Ҷоизаи Гран-при ба Театри давлатии драмавии русии Тоҷикистон ба номи В.Маяковский барои намоиши “Мастер ва Маргарита” аз рӯи асари Михаил Булгаков, коргардон Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар номинатсияи "Беҳтарин намоишнома" ҷои аввал насиби Театри давлатии академӣ-драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лаҳутӣ бо намоишномаи "Абри сафеди Чингизхон" аз рӯи асари Чингиз Айтматов, таҳти коргардон Сӯҳроб Усмонов гардид.
Ҷойи дувумро бо намоишномаи “Зол ва Рӯдоба”-и Абулқосим Фардосӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонов Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар соҳиб шуд.
Ҳайати ҳакамон ҷои сеюмро ба Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоишномаи "Торг"-и Умед Хусравов лоиқ донист.
Дар ин озмун дар маҷмӯъ 18 театри касбии кишвар ширкат карда, беҳтарин намоишномаҳои худро дар солҳои 2021-2022 ба саҳна гузошта, ба ҳайати доварон ва тамошобинон пешкаш намуданд.