https://sputnik.tj/20230928/sughd-korgoh-korkhona-nav-bunyod-1059650630.html
Дар се соли оянда дар вилояти Суғд коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мегардад
Дар се соли оянда дар вилояти Суғд коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Суғд иддао дорад, ки дар се соли оянда дар вилоят 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо беш аз 14 ҳазор ҷойи кор бунёд мегардад
2023-09-28T13:29+0500
2023-09-28T13:29+0500
2023-09-28T13:29+0500
дар тоҷикистон
суғд
бунёд
коргоҳ
саноат
ҷойи кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225781_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_a790b308d5a4084c7c5ea0a344508059.jpg
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.Ёдовар мешавем, ки тибци иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 5475 коргоҳу корхонаҳо фаъолият доранд.Ба иттилои ҳамин вазорат дар ин давра аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 5%-ро ташкил медиҳад.“Аз 505 корхонаю коргоҳи навтаъсис 160 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 121 корхона ба саноати сабук, 116 корхона ба соҳаи саноати сохтмон, 99 корхона ба соҳаи саноати мошинсозӣ ва 9 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд”, - иттилоъ додааст вазоратит саноат.
https://sputnik.tj/20230927/afzoishi-mahsuloti-sanoat-korkard-iiao-1059633597.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0c/1058225781_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_a7c53fe38521fb453f05b0959a94d29e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саноат, бунёд, коргоҳ, корхона, саноатӣ, суғд
тоҷикистон, саноат, бунёд, коргоҳ, корхона, саноатӣ, суғд
Дар се соли оянда дар вилояти Суғд коргоҳу корхонаҳои нав бунёд мегардад
Мақомоти вилояти Суғд иддао дорад, ки дар се соли оянда дар вилоят 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо беш аз 14 ҳазор ҷойи кор бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар вилоят 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Ҳамчунин манбаъ хабар додааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки тибци иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 5475 коргоҳу корхонаҳо фаъолият доранд.
Ба иттилои ҳамин вазорат дар ин давра аз ҳисоби корхонаю коргоҳҳои нав дар ҳамин давра зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 5%-ро ташкил медиҳад.
“Аз 505 корхонаю коргоҳи навтаъсис 160 корхона ба саноати хӯрокворӣ, 121 корхона ба саноати сабук, 116 корхона ба соҳаи саноати сохтмон, 99 корхона ба соҳаи саноати мошинсозӣ ва 9 корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд”, - иттилоъ додааст вазоратит саноат.