Раисӣ ба Душанбе омад: Раисҷумҳури Эронро дар фурудгоҳ кӣ пешвоз гирифт?

© Фото : НИАТ ХоварПрезидент Ирана Ибрахим Раиси и председатель Палаты представителей Таджикистана Махмадтоир Закирзода (справа)
Президент Ирана Ибрахим Раиси и председатель Палаты представителей Таджикистана Махмадтоир Закирзода (справа) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Ҷумҳурии исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба даъвати расмии кишвардори Тоҷикистон озими шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Эронро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Эрон дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2023
Раҳмону Раисӣ вазъи Ғаззаро баррасӣ хоҳанд кард
Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Эрон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Президенти Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.
Лентаи хабарҳо
0