https://sputnik.tj/20231108/maqomot-rusiya-khoriji-kishvar-berun-1060379495.html
Мақомоти Русия 15 ҳазор хориҷиро аз кишвар берун кардаанд
Мақомоти Русия 15 ҳазор хориҷиро аз кишвар берун кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи чорабиниҳои гузаронидашуда кормандони ҳифзи ҳуқуқ 96 ҳазор ҳолати вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русияро ба қайд гирифтанд
2023-11-08T17:25+0500
2023-11-08T17:25+0500
2023-11-08T17:25+0500
дар русия
муҳоҷират
қонун
ошкор
вкд
ихроҷ
танзим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052172250_0:0:3423:1925_1920x0_80_0_0_1b0c132b13f1220d5641662c00414a26.jpg
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Русия қариби 100 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории муҳоҷирату тартиби кори хориҷиҳо ошкор шудаанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дода, афзуд, ки санҷишҳои махсус таҳти унвони "Нелегал-2023" аз 19 то 25 июн ва аз 2 то 8 октябр гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда 96 ҳазор ҳодисаи нақзи қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шудааст. Тавзеҳ дода шуд, ки беш аз 73 ҳазор ҳолати нақзи қоидаҳои муқарраршудаи вуруд ва будубош ба кишвар ва зиёда аз 22 ҳазор ҳолати вайрон шудани меъёри Кодекси меҳнат аз ҷониби хориҷиҳо ошкор гардид. Мақомот дар пайи баррасии ҳолатҳои ошкоршуда дар нисбати 15 ҳазор хориҷӣ қарори берун кардан аз қаламрави Русияиро қабул кардаанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фурӯши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин убури ғайриқонунии марз 3,6 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боз 447 нафар шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ ва байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир карда шуданд.Амалиёти "Нелегал" тақрибан ҳамасола дар ҳамоҳангии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузаронда мешавад, то раванди муҳоҷират ба танзиму қонуншиканиҳо дар ин бахш ҷилавгирӣ гарданд.
https://sputnik.tj/20231025/mushiston-khostor-nazorat-beshtar-muhojiron-1060141306.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/11/1052172250_295:0:3026:2048_1920x0_80_0_0_25f9901fed5653e679aeb4444bc37b43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, ихроҷ, қонунгузорӣ, корманд, қайд
русия, муҳоҷират, ихроҷ, қонунгузорӣ, корманд, қайд
Мақомоти Русия 15 ҳазор хориҷиро аз кишвар берун кардаанд
Дар доираи чорабиниҳои гузаронидашуда кормандони ҳифзи ҳуқуқ 96 ҳазор ҳолати вайрон кардани қонунгузории муҳоҷирати Русияро ба қайд гирифтанд
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Русия қариби 100 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории муҳоҷирату тартиби кори хориҷиҳо ошкор шудаанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дода, афзуд, ки санҷишҳои махсус таҳти унвони "Нелегал-2023" аз 19 то 25 июн ва аз 2 то 8 октябр гузаронида шуд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ зиёда 96 ҳазор ҳодисаи нақзи қонунгузории муҳоҷират ба қайд гирифта шудааст.
Тавзеҳ дода шуд, ки беш аз 73 ҳазор ҳолати нақзи қоидаҳои муқарраршудаи вуруд ва будубош ба кишвар ва зиёда аз 22 ҳазор ҳолати вайрон шудани меъёри Кодекси меҳнат аз ҷониби хориҷиҳо ошкор гардид.
Мақомот дар пайи баррасии ҳолатҳои ошкоршуда дар нисбати 15 ҳазор хориҷӣ қарори берун кардан аз қаламрави Русияиро қабул кардаанд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин вобаста ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ, фурӯши ғайриқонунии аслиҳа ва маводи мухаддир, инчунин убури ғайриқонунии марз 3,6 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боз 447 нафар шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи федералӣ ва байналмилалӣ қарор доштанд, дастгир карда шуданд.
Амалиёти "Нелегал" тақрибан ҳамасола дар ҳамоҳангии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гузаронда мешавад, то раванди муҳоҷират ба танзиму қонуншиканиҳо дар ин бахш ҷилавгирӣ гарданд.