Нишондоди меъёри бозтамвил дар кишварҳои ИДМ: Тоҷикистон дар кадом зина?

Обуна шудан
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад.
Тоҷикистон дар панҷгонаи кишварҳои ИДМ бо баландтарин меъёри бозтамвил ҷой дорад.
Қазоқистон дар садри рӯйхат ва Русия ҳамакнун аз зинаи чорум то дуюм боло рафт.
Миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Тоҷикистон пас аз Туркманистон яке аз нишондиҳандаҳои пасттарини меъёри бозтамвил дорад.
Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои раҳбарони Бонки Марказии Русия имрӯз 27 октябр меъёри асосиро якбора ду банди фоизӣ - аз 12 то 15% дар як сол боло бурд, гуфта мешавад дар хабари матбуотӣ.
Дар ин бора Бонки марказии Русия бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҳадафи болобарии меъёри бозтамвил таъмини эътидоли нархҳо мебошад.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.
Тоҷикистон муомилоти молро бо рубл ва сомонӣ афзоиш медиҳад
Дар Тоҷикистон меъёри бозтамвил аз аввали соли равон поин рафта, феълан дар сатҳи 10%-и солона қарор дорад. Бори охир Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро моҳи майи соли равон ба андозаи 1% поин бурда, то сатҳи 10% расонда буд.
Таъкид гардид, ки ин тасмим бо назардошти таъсири эҳтимолии таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ ва хориҷӣ ба иқтисодиёт гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0