https://sputnik.tj/20231107/barkhe-tafsilot-safar-raisi-tojikiston-1060357953.html
Бархе тафсилоти сафари Раисӣ ба Тоҷикистон маълум шуд
Бархе тафсилоти сафари Раисӣ ба Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе мулоқоташ бо роҳбарияти ҳукумату парлумон ва бахши хусусӣ дар назар мебошад
2023-11-07T15:55+0500
2023-11-07T15:55+0500
2023-11-07T15:55+0500
дар тоҷикистон
эрон
сиёсат
иброҳим раисӣ
мулоқот
боздид
расмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060292993_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_f551a28f8c470af8b85a36ee20dbba2c.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 8 ноябр бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ дар назар буда, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.Бар асоси барономаи сафар, Сайид Иброҳим Раисӣ бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ мулоқот хоҳад кард. Дар доираи сафари президент, инчунин иштирокаш дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст. Қаблан Палатаи савдо ва саноати Эрон хабар дода буд, ки намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.Дар ин робита раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот намуд. Аз онҳо даъват шуд, ки форуми муштарак бо ҷониби Эрон муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сармоягузорию соҳибкорӣ ва дар ин замина диверсификатсияи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакатро роҳандозӣ намоянд. Соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои авзалиятноки сармоягузорӣ ва иштироки фаъолона дар Форум чораҷуӣ намоянд, зарур хонд Қодирзода.
https://sputnik.tj/20231107/tojikiston-eron-hamkori-ob-khok-kishovarzi-1060349413.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060292993_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f1de9cc04fd242121ab054d55fc95894.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент, эрон, тоҷикистон, сафар, боздид, расмӣ
президент, эрон, тоҷикистон, сафар, боздид, расмӣ
Бархе тафсилоти сафари Раисӣ ба Тоҷикистон маълум шуд
Дар доираи сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе мулоқоташ бо роҳбарияти ҳукумату парлумон ва бахши хусусӣ дар назар мебошад
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ 8 ноябр бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад.
Ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ дар назар буда, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад.
Бар асоси барономаи сафар, Сайид Иброҳим Раисӣ бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ мулоқот хоҳад кард.
Дар доираи сафари президент, инчунин иштирокаш дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан Палатаи савдо ва саноати Эрон хабар дода буд, ки намояндагони утоқҳои бозаргонӣ, саноат, маъдан ва кишоварзӣ аз Тоҷикистон боздид хоҳанд кард.
Дар ин робита раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Саъдӣ Қодирзода бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот намуд.
Аз онҳо даъват шуд, ки форуми муштарак бо ҷониби Эрон муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сармоягузорию соҳибкорӣ ва дар ин замина диверсификатсияи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти мамлакатро роҳандозӣ намоянд.
Соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки ҷиҳати омода намудани лоиҳаҳои авзалиятноки сармоягузорӣ ва иштироки фаъолона дар Форум чораҷуӣ намоянд, зарур хонд Қодирзода.