Аз энергетикаи "сабз" то амният: Раҳмон дар ҳамоиши ИДМ чӣ гуфт?

© NakibMurodovПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Обуна шудан
Дар шароити кунунӣ давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳдидҳо ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд, изҳор дошт раисҷумҳури Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 13 окт— Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими чораандешӣ дар баробари хатарҳо дар доираи ИДМ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви ИДМ аз афзоиши хатарҳо ҳушдор дод.
Вай татбиқи амалии қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро зарур хонд.
Раисҷумҳур ҳамчунин зикр кард, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои узви ИДМ бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Рабочая поездка президента РФ В. Путина в Ижевск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.10.2023
Путин гуфт, ки Русия қадри равобити дӯстӣ бо кишварҳои ИДМ-ро медонад
Зимни татбиқи стратегияи иқтисодии ИДМ имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои узв ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад, изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон масъалаҳои пешбурди иқтисоди "сабз", бахусус энергетикаи "сабз"-ро ба миён гузошта, хостори пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ИДМ шудаст.
Дар натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои узви ИДМ 15 қарор ва санад қабул гардид, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳамкориҳо дар доираи созмон мусоидат хоҳад кард. Раёсат дар ИДМ ба Русия гузашт.
Лентаи хабарҳо
0