https://sputnik.tj/20231107/bozi-ruz-okhirin-shons-istiqlol-ligai-chempionhoi-osiyo-1060351440.html
Бозии "Истиқлол" ва "Персеполис": Гулмуҳаммадӣ гуфт, барои се имтиёз ба Душанбе омаданд
Бозии "Истиқлол" ва "Персеполис": Гулмуҳаммадӣ гуфт, барои се имтиёз ба Душанбе омаданд
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон имрӯз, 7 ноябр бозии чаҳоруми худро Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 доир мекунад. 07.11.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-11-07T12:01+0500
2023-11-07T12:01+0500
2023-11-07T14:02+0500
дар тоҷикистон
тими "истиқлол"
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060139787_0:27:1500:871_1920x0_80_0_0_30a2a883f342070d0534e45e00ac62a9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон имрӯз, 7 ноябр бозии чаҳоруми худро Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 доир мекунад.Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, ҳарифи даста тими "Персеполис"-и Эрон аст.Сармурабии бошгоҳи Душанбе Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт, ки бозӣ душвор хоҳад буд, зеро бозигарони эронӣ пешсафон дар кишвари худ ҳастанд ва таҷрибаи хуби бозӣ дар чунин мусобиқотро доранд.Ӯ афзуд, ки барои рақобати шоиста омодаанд ва талош мекунанд, ки имтиёз ба даст оваранд.Вай аз мухлисон низ даъват кард, ки ба бозӣ оянд ва тими ватаниро дастгирӣ кунанд.Дар ҳамин ҳол, сармураббии бошгоҳи "Персеполис" низ мегӯяд, барои ситонидани се имтиёз ба Душанбе омадаанд.Ӯ низ аз тавонии тими Тоҷикистон гуфту афзуд, ки тамриноти хубе кардаанд ва умед дорад, ки дар майдон бозигаронаш хуб ҳунарнамоӣ мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки "Истиқлол", "Персиполис" ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудиву "Ал-Дуҳайл"-и Қатар дар гуруҳи гурӯҳи "Е" бозӣ мекунанд.Бошгоҳи Душанбе танҳо аввалин бозияшро бо тими қатарӣ мусовӣ 0:0 карду ду бозии дигарро бо бохт анҷом дод.
https://sputnik.tj/20231104/rushd-futbol-muloqot-rustami-emomali-1060321887.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/19/1060139787_31:0:1459:1071_1920x0_80_0_0_5edae5134834f44dcf4bc3335d784dec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тими "истиқлол", навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон, тими "истиқлол", навигариҳои варзиши тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон имрӯз, 7 ноябр бозии чаҳоруми худро Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 доир мекунад.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, ҳарифи даста тими "Персеполис"-и Эрон аст.
Сармурабии бошгоҳи Душанбе Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт, ки бозӣ душвор хоҳад буд, зеро бозигарони эронӣ пешсафон дар кишвари худ ҳастанд ва таҷрибаи хуби бозӣ дар чунин мусобиқотро доранд.
Ӯ афзуд, ки барои рақобати шоиста омодаанд ва талош мекунанд, ки имтиёз ба даст оваранд.
Вай аз мухлисон низ даъват кард, ки ба бозӣ оянд ва тими ватаниро дастгирӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, сармураббии бошгоҳи "Персеполис" низ мегӯяд, барои ситонидани се имтиёз ба Душанбе омадаанд.
Ӯ низ аз тавонии тими Тоҷикистон гуфту афзуд, ки тамриноти хубе кардаанд ва умед дорад, ки дар майдон бозигаронаш хуб ҳунарнамоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Истиқлол", "Персиполис" ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудиву "Ал-Дуҳайл"-и Қатар дар гуруҳи гурӯҳи "Е" бозӣ мекунанд.
Бошгоҳи Душанбе танҳо аввалин бозияшро бо тими қатарӣ мусовӣ 0:0 карду ду бозии дигарро бо бохт анҷом дод.