Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Навори нобудсозии зиреҳпӯши ҳомили аслиҳа бо "камикадзе"-и Русия - видео

Обуна шудан
Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина нерӯҳои Русия аз ҳавопаймоҳои бесарнишин барои иҷрои вазифаҳо бидуни талафоти ҷангӣ муваффақона кор мебаранд
Вазорати дифои Русия навореро нашр кард, ки бесарнишинҳои иктишофӣ ва "камикадзе"-и кишвар мошини ҷангии нерӯҳои украиниро нобуд месозанд.
Ба иттилои манбаъ, ин мошин дар ҳоли наздикшавӣ ба хатти даргирӣ миёни нерӯҳои ду кишвар ошкору нобуд гардид.
Дар пайи зарба ба мошин муайян шудааст, ки он миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дошт,, ки ҳамааш пурра тарконда шудаст.
Зарбаи Русия ба анбори киштиҳои бесарнишини Украина
"Гурӯҳи иктишофии ҳавопаймоҳои бесарнишин зиреҳпӯши украиниро муайян карда, маълумотро ба дастаи зарбазании бесарнишинҳо расониданд. Бачаҳо дар болои мошини зиреҳпӯши кори хуб анҷом доданд", - изҳор дошт фармондеҳи воҳиди иктишофии "Юг" дар шарҳи навор.
Таъкид шудаст, ки бар асари зарбаи дақиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини камикадзе, лавозимоти ҷангӣ ва мошин мунфаҷир шуд.
Манбаъ афзуд, ки ба шарофати амалҳои муассири муштараки воҳидҳои иктишофӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия, аксари мошинҳои зиреҳпӯши нирӯҳои режими Киев дар ҳолати наздикшавӣ ба хати тамос нобуд карда мешаванд.
Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки Украина дигарбора талоши ҳамла анҷом дод, аммо бо талафоти зиёд пас гардонда шуд.
Лентаи хабарҳо
0