https://sputnik.tj/20231106/zarba-rusiya-anbori-kishti-ukraina-1060347349.html
Зарбаи Русия ба анбори киштиҳои бесарнишини Украина
Зарбаи Русия ба анбори киштиҳои бесарнишини Украина
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия аз талошҳои дигари нерӯҳои Украина барои ҳамла гузориш дода, афзуд, ки тайи шабонарӯзи охир ҳариф чӣ қадар техникаю нерӯ талаф дод
2023-11-06T17:43+0500
2023-11-06T17:43+0500
2023-11-06T17:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
дар русия
вазорати дифои русия
амният ва мудофиа
ҳамлагарон
талафот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5b2542b852bff199169ba37439cb8716.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо истифода аз зарбаҳои ҳавоӣ ва артиллерия ҷойҳоеро, ки киштиҳои бесарнишин ва лавозимоти ҷангии Украина нигаҳдорӣ мешуданд, нобуд карданд.Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия, Игор Конашенков гузриш дода, афзуд, ки зарбаҳо тавассути ҳавопаймоҳо, бесарнишинҳо, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерия анҷом дода шуданд. Илова бар ин, Конашенков қайд кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар 117 қисмат қувваи корӣ ва техникаи низомиро шикаст доданд. Намояндаи расмии вазорати дифоъ иттилоъ дод, ки дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷилави ду снаряди HIMARS -ро гирифта, беш аз 20 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро днобуд карданд. Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа артиши Русия тақрибан 8,7 ҳазор ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кардааст, гуфт ӯ. Илова бар ин, Конашенков гуфт, ки артиши Русия тайи 24 соати охир ҳамлаи душманро дар вилояти Запороже рафъ карда, талафоти ҳариф дастикам 160 нафарро ташкил додааст. Дар самти Купянск, дар вилояти Харков, нерӯҳои мусаллаҳи Русия 6 ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дафъ кардаанд, дар ҳоле ки талафоти украинӣ дастикам 135 низомиро ташкил додааст.Конашенков афзуд, дар давоми 24 соати охир низомиёни Русия аз панҷ кӯшиши фуруд омадани душман дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Херсон пешгирӣ карданд
https://sputnik.tj/20231106/vashington-munoqisha-ukraina-1060346008.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056672355_211:0:2942:2048_1920x0_80_0_0_084b85b88f752fb259d985c630fefde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талафот, украина, шабонарӯз, охир, техника, нерӯ
талафот, украина, шабонарӯз, охир, техника, нерӯ
Зарбаи Русия ба анбори киштиҳои бесарнишини Украина
17:43 06.11.2023 (Навсозишуда: 17:44 06.11.2023) Вазорати дифои Русия аз талошҳои дигари нерӯҳои Украина барои ҳамла гузориш дода, афзуд, ки тайи шабонарӯзи охир ҳариф чӣ қадар техникаю нерӯ талаф дод
ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо истифода аз зарбаҳои ҳавоӣ ва артиллерия ҷойҳоеро, ки киштиҳои бесарнишин ва лавозимоти ҷангии Украина нигаҳдорӣ мешуданд, нобуд карданд.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати дифои Русия, Игор Конашенков гузриш дода, афзуд, ки зарбаҳо тавассути ҳавопаймоҳо, бесарнишинҳо, нерӯҳои мушакӣ ва артиллерия анҷом дода шуданд.
Илова бар ин, Конашенков қайд кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар 117 қисмат қувваи корӣ ва техникаи низомиро шикаст доданд.
Намояндаи расмии вазорати дифоъ иттилоъ дод, ки дар давоми 24 соати охир нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҷилави ду снаряди HIMARS -ро гирифта, беш аз 20 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро днобуд карданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози амалиёти вижа артиши Русия тақрибан 8,7 ҳазор ҳавопаймои бесарнишини украиниро нобуд кардааст, гуфт ӯ.
Илова бар ин, Конашенков гуфт, ки артиши Русия тайи 24 соати охир ҳамлаи душманро дар вилояти Запороже рафъ карда, талафоти ҳариф дастикам 160 нафарро ташкил додааст.
Дар самти Купянск, дар вилояти Харков, нерӯҳои мусаллаҳи Русия 6 ҳамлаи Нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дафъ кардаанд, дар ҳоле ки талафоти украинӣ дастикам 135 низомиро ташкил додааст.
Конашенков афзуд, дар давоми 24 соати охир низомиёни Русия аз панҷ кӯшиши фуруд омадани душман дар соҳили чапи Днепр дар наздикии Херсон пешгирӣ карданд