https://sputnik.tj/20231105/non-duum-tojikiston-qadar-jamovari-1060340840.html
"Нони дуюм" дар Тоҷикистон чӣ қадар ҷамъоварӣ гардид?
"Нони дуюм" дар Тоҷикистон чӣ қадар ҷамъоварӣ гардид?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳосили ҷамъоваришуда ба ҳолати аввали моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 ҳазор тонна зиёд мебошад
2023-11-05T19:32+0500
2023-11-05T19:32+0500
2023-11-07T12:33+0500
дар тоҷикистон
картошка
ҷамъоварӣ
талабот
аҳолӣ
иқтисод
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315201_0:215:2048:1367_1920x0_80_0_0_78debed3c5297b7a25a244d2d046367f.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. То оғози ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон наздики 805 ҳазор тон картошка ҷамъоварӣ шудааст, иттилоъ додааст Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосил дар бархе аз қисматҳои ҷумҳурӣ идома дошта, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 233 сентнерро ташкил медиҳад.Зикр гардидаст, ки соли равон олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ бо истифода аз усулҳои биотехнологӣ ва селексионии муосир роҳҳои ба даст овардани тухмиҳои аълосифати суперэлита ва элитаи зироати картошкаро коркард намудаанд. Ба иттилои масъулини бахши кишоварзии Тоҷикистон, навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобовари "Тоҷикистон", "Рашт" ва "Ан-1" ҳосилнокии миёнаи 37 то 41 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад. Навъи картошкаи "Тоҷикистон" ба сифати навъи стандартӣ қабул гардида, дар майдони васеъ кишт мешавад.Дар Тоҷикстон картошкаро "нони дуюм" ном мебаранд, зеро аз рӯи талабот миёни аҳолии кишвар баъди маҳсулоти гандумӣ дар ҷои дуюм меистад.
https://sputnik.tj/20231021/faoliyati-shash-korkhonai-chipsbarorr-tojikiston-1060075380.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041315201_225:0:2048:1367_1920x0_80_0_0_6e00b34fd90cb8b2283fbd633223f741.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
картошка, ҷамъоварӣ, тоҷикистон, афзоиш
картошка, ҷамъоварӣ, тоҷикистон, афзоиш
"Нони дуюм" дар Тоҷикистон чӣ қадар ҷамъоварӣ гардид?
19:32 05.11.2023 (Навсозишуда: 12:33 07.11.2023) Ҳосили ҷамъоваришуда ба ҳолати аввали моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 30 ҳазор тонна зиёд мебошад
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. То оғози ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон наздики 805 ҳазор тон картошка ҷамъоварӣ шудааст, иттилоъ додааст Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 30 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосил дар бархе аз қисматҳои ҷумҳурӣ идома дошта, ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 233 сентнерро ташкил медиҳад.
Зикр гардидаст, ки соли равон олимони соҳаи физиология ва генетикаи растанӣ бо истифода аз усулҳои биотехнологӣ ва селексионии муосир роҳҳои ба даст овардани тухмиҳои аълосифати суперэлита ва элитаи зироати картошкаро коркард намудаанд.
Ба иттилои масъулини бахши кишоварзии Тоҷикистон, навъҳои картошкаи ба гармию хушкӣ тобовари "Тоҷикистон", "Рашт" ва "Ан-1" ҳосилнокии миёнаи 37 то 41 тонна аз як гектарро ташкил медиҳад.
Навъи картошкаи "Тоҷикистон" ба сифати навъи стандартӣ қабул гардида, дар майдони васеъ кишт мешавад.
Дар Тоҷикстон картошкаро "нони дуюм" ном мебаранд, зеро аз рӯи талабот миёни аҳолии кишвар баъди маҳсулоти гандумӣ дар ҷои дуюм меистад.