https://sputnik.tj/20231021/faoliyati-shash-korkhonai-chipsbarorr-tojikiston-1060075380.html
Фаъолияти шаш корхонаи чипсбарорӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти шаш корхонаи чипсбарорӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар ҳудуди Тоҷикистон шаш корхонаи чипсбарорӣ вуҷуд дорад, ки 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол мекунад
2023-10-21T16:26+0500
2023-10-21T16:26+0500
2023-10-23T12:23+0500
дар тоҷикистон
коргоҳ
фаъолият
саноат
картошка
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/15/1060077234_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_778e400b5c162f6ebd828d2c6fb0eaad.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 дар мамлакат 6 корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар 9 моҳи соли равон ин корхонаҳо дар ҳаҷми 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9,6 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 130,1 фоизро ташкил медиҳад.Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод як корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, солҳои 2021-2025, “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Заркорон” бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод коркарди 20 тонна картошка дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад.
https://sputnik.tj/20231021/iftitoh-korkhona-markazi-javonon-sardkhona-rahmon-muminobod-1060074116.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/15/1060077234_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7fc12614a321cdc44f2cd1d6c863945a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чипс, корхона, фаъолият, маҳсулот
тоҷикистон, чипс, корхона, фаъолият, маҳсулот
Фаъолияти шаш корхонаи чипсбарорӣ дар Тоҷикистон
16:26 21.10.2023 (Навсозишуда: 12:23 23.10.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳудуди Тоҷикистон шаш корхонаи чипсбарорӣ вуҷуд дорад, ки 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 дар мамлакат 6 корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар 9 моҳи соли равон ин корхонаҳо дар ҳаҷми 41,4 тонна маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9,6 тонна зиёд буда, суръати афзоиш 130,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод як корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк (чипс) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Корхонаи истеҳсоли картошкаи хушк дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, солҳои 2021-2025, “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи ҶДММ “Заркорон” бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Муъминобод коркарди 20 тонна картошка дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 8 тонна картошкаи бирён (чипс) мебошад.