https://sputnik.tj/20231104/tarkishi-minuteman-uqyonusi-oromi-ima-1060320698.html
Таркиши Minuteman болои уқёнуси Ором аломати таназзули нерӯҳои ҳастаии ИМА мебошад
Таркиши Minuteman болои уқёнуси Ором аломати таназзули нерӯҳои ҳастаии ИМА мебошад
Sputnik Тоҷикистон
Боз як ҳолати то ҳадаф нарасидани Мушаки баллистикии байникитъавӣ (МББ) Minuteman III инъикоси нокомии системавии Пентагон мебошад.
2023-11-04T10:01+0500
2023-11-04T10:01+0500
2023-11-07T13:11+0500
има
яроқпартоӣ
ҷанги ҳастаӣ
русия
ҳамлаи мушакӣ
сутуннигор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047832069_0:0:1545:870_1920x0_80_0_0_7cd26de600a241da98ccdc8dce03ff04.jpg
Мушаки баллистикии байниқитъавии Minuteman III рӯзи 1 ноябр озмуда шуд, он аз пойгоҳи низомии Амрико Ванденберг (Калифорния) партоб шуд ва дере нагузашта дар болои уқёнуси Ором "бар асари ҳолати ғайричашмдошт" таркид.Пеш аз партоб, Пентагон гуфт, ки озмоиши Minuteman III барои "тасдиқ кардани эътимоднокии системаи амнияти стратегӣ" ва "ҷавоб ба русҳо" хоҳад буд. Дар ин ҷо бояд дар назар дошт, ки 25 октябр нерӯҳои стратегии Русия, партоби муваффақи мушакҳои баллистикӣ ва болдорро давоми машқҳо дар посух ба ҳамлаи ҳастаии душмани эҳтимолӣ, баргузор намуданд. Натиҷаи озмоишҳои 1 ноябр ба эътимоднокии қуввахои стратегии ҳастаии Амрико (СНФ) шубҳаҳои ҷиддиро ба амал меоварад. Ҷавоби Пентагон боваринок нест.Ин бори аввал нест, ки МББ Minuteman III ба уқёнуси Ором меафтад. Чунончӣ, моҳи июли соли 2022 як мушаки байниқитъавӣ пас аз чанд сонияи парвоз аз кор бозмонд. Дар соли 2021, бо сабабҳои номаълум, партоби озмоиш дар марҳилае, ки мушак ҳанӯз дар замин буд, қатъ карда шуд. Дар соли 2018 парвози "аномалӣ"-и МББ дар болои уқёнуси Ором қатъ карда шуд. Нисфи озмоишҳои Minuteman III дар асри 21 ноком буданд ва ин тааҷҷубовар нест. Мушак аз соли 1970 инҷониб истифода мешавад ва азнавсозии дигар синну соли онро ҷуброн карда наметавонад.Дар ҳамин ҳол, Пентагон дар панҷ иёлот тақрибан 400 пойгоҳи заминии партоби мушаки Minuteman III дорад, ки ба масофаи то 13 000 км зарба зада метавонад. Ҳар як мушаки 39 тоннагӣ бо як кулоҳаки ҷангии вазнаш 1,1 тонна муҷаҳҳаз шудааст. Ин пайванди асосӣ ва заъифтарини сегонаи ядроии ИМА мебошад.Сардори Фармондеҳии стратегии ИМА Чарлз Ричард қаблан ба Сенат ва маъмурияти Коҳи Сафед ҳушдор дода буд: "Шумо наметавонед умри Minuteman III-ро дароз кунед ... мушакҳо чунон кӯҳна шудаанд, ки конструкторҳои онҳо аллакай мурдаанд ва муҳандисони кунунӣ хатто як кисми хуччатхои зарурии техникиро дар даст надоранд". Зарурати иваз кардан кайҳо вуҷуд дорад.(МББ) -ҳо бо муқоиса маълумандСистемаи нави МББ-и партоби нақбӣ LGM-35 Sentinel аз ҷониби ширкатҳои Northrop Grumman ва Lockheed Martin таҳия карда мешавад. Арзиши лоиҳа 265 миллиард долларро ташкил медиҳад. Оғози истеҳсоли кулоҳаки ҷангӣ ва ноил шудан ба омодагии амалиётии LGM-35 Sentinel моҳи октябри соли 2039 пешбинӣ шудааст - дурнамои хеле дур ва норавшан бо дарназардошти мушкилоти технологии бартараф кардани хатҳои дифоъи мушакии S-500, системаҳои дифои ҳавоии "Прометеи" ва дигар системаҳои дифоъи зиддимушакии Русияе, ки аз ҷониби амрикоиҳо ҳал нашудааст.Дар соҳаи такмили силоҳи ҳастаии стратегӣ, Русия аз Амрико даҳсолаҳо пеш рафтаст. Муқоисаи хусусиятҳои МББ Сармат-и русӣ ва мушаки Minuteman III-и амрикоӣ, ки аз рӯи таъинот ба ҳам монанд аст, имкон медиҳад, ки хулоса кунем, то чӣ ҳолат овозаҳо дар бораи бартарии технологии Иёлоти Муттаҳида муболиғаоваранд.Як "Сармат" бо вазни 210 тонна қодир аст, ки 7,5 мегатонна силоҳи ҳастаиро тавассути ҳар як қутби Замин интиқол диҳад ва беш аз 35 миллион шаҳрванди давлати таҷовузкорро ба қатл расонад. Ва 10 чунин ракета ҳар як мамлакатро тамоман несту нобуд мекунад. Доираи таҷҳизоти ҷангии МББ ба таври назаррас васеъ карда шуд, қисмҳои гиперовозии “Авангард” метавонанд бо суръати то 28 Maх (зиёда аз 33 ҳазор км / соат) парвоз кунанд.Тафовути технологӣ аз МББ-и амрикоии Minuteman III-и ҷойгиршавии заминӣ, ки ҳадафаш ба он монанд аст, хеле бузург аст ва ақибмонии музмини Иёлоти Муттаҳидаро дар таҳияи силоҳи пешрафта нишон медиҳад (Пентагон барои муқоиса танҳо як намуд МББ-и заминӣ дорад).МББ-и вазнини "Сармат" аз МББ-и афсонавии "Воевода" аз ҷиҳати иқтидори ҷангӣ ва мураккабӣ пеш гузашт."Дандонковаки реактивӣ"-и амрикоӣ рақиби "Сармат"-и Русия нест ва дигар ҷузъҳои дигари сегонаи ҳастаии ИМА аз комилият дур ҳастанд.Тайёраи собиқадори азнавшудаи Ҷанги Ветнам B-52 Stratofortress остонаи 70-солагии худро убур кард. Ҳавопаймоҳои вазнини бомбаандози B-1 Lancer аз соли 1985 истифода мешаванд, яроқи ҳастаӣ надоранд ва бинобар мушкилоти техникӣ 90%-ашон омода нестанд.Ду дазор самолёти бомбаандози В-2 Spirit (нархи ҳар кадомаш 2 миллиард доллар) чил сол пеш барои зарбаҳои ядроӣ ба Москва сохта шуданд, вале онҳо ниҳоят “нозук” мебошанд. Лансерҳо ва Spirit-ҳо ба зудӣ ба истеъфо мебароянд ва бомбаандози нави стратегии B-21 Raider онҳоро иваз намекунад, зеро нусхаи он ҳанӯз сохта нашудааст. Бо гузашти вақт, сегонаи ҳастаии Амрико метавонад (ҳамчун дар Фаронса ва Британияи Кабир) нест шавад ва танҳо дар киштиҳои зериобии Огайо ва Колумбия МББ-ҳои Trident II D5 монад.Ҳадди ниҳоии Нерӯҳои стратегии ҳастаии Федератсияи Русия тибқи Шартномаи Коҳиши силоҳи ҳуҷумӣ -3 (ки Русия то ҳол онро риоя мекунад) 700 пойгоҳи заминии партоб ва 1550 кулоҳакҳои ҷангӣ ҷойгир карда шудааст, ки 60% маҷмааҳои конӣ ва мобилии мушакҳои стратегӣ дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор доранд. Сатҳи муосирии неруҳои стратегии ҳастаии баландтехнологии Русия аз 83% зиёд аст.
https://sputnik.tj/20231102/putin-qonun-imzo-sozishnoma-ozmoish-hastai-laghv-1060294536.html
https://sputnik.tj/20231101/top-m1-rusiya-hamja-besarnishin-video-1060277985.html
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047832069_185:0:1545:1020_1920x0_80_0_0_ef715d79c445ad7afc0dc34899b49cf1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
има, яроқи ҳастаӣ, русия, мушакҳо, ҷанг
има, яроқи ҳастаӣ, русия, мушакҳо, ҷанг
Таркиши Minuteman болои уқёнуси Ором аломати таназзули нерӯҳои ҳастаии ИМА мебошад
10:01 04.11.2023 (Навсозишуда: 13:11 07.11.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Боз як ҳолати то ҳадаф нарасидани Мушаки баллистикии байниқитъавӣ (МББ) Minuteman III инъикоси нокомии системавии Пентагон мебошад.
Мушаки баллистикии байниқитъавии Minuteman III рӯзи 1 ноябр озмуда шуд, он аз пойгоҳи низомии Амрико Ванденберг (Калифорния) партоб шуд ва дере нагузашта дар болои уқёнуси Ором "бар асари ҳолати ғайричашмдошт" таркид.
Пеш аз партоб, Пентагон гуфт, ки озмоиши Minuteman III барои "тасдиқ кардани эътимоднокии системаи амнияти стратегӣ" ва "ҷавоб ба русҳо" хоҳад буд. Дар ин ҷо бояд дар назар дошт, ки 25 октябр нерӯҳои стратегии Русия, партоби муваффақи мушакҳои баллистикӣ ва болдорро давоми машқҳо дар посух ба ҳамлаи ҳастаии душмани эҳтимолӣ, баргузор намуданд. Натиҷаи озмоишҳои 1 ноябр ба эътимоднокии қуввахои стратегии ҳастаии Амрико (СНФ) шубҳаҳои ҷиддиро ба амал меоварад. Ҷавоби Пентагон боваринок нест.
Ин бори аввал нест, ки МББ Minuteman III ба уқёнуси Ором меафтад. Чунончӣ, моҳи июли соли 2022 як мушаки байниқитъавӣ пас аз чанд сонияи парвоз аз кор бозмонд. Дар соли 2021, бо сабабҳои номаълум, партоби озмоиш дар марҳилае, ки мушак ҳанӯз дар замин буд, қатъ карда шуд. Дар соли 2018 парвози "аномалӣ"-и МББ дар болои уқёнуси Ором қатъ карда шуд. Нисфи озмоишҳои Minuteman III дар асри 21 ноком буданд ва ин тааҷҷубовар нест. Мушак аз соли 1970 инҷониб истифода мешавад ва азнавсозии дигар синну соли онро ҷуброн карда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, Пентагон дар панҷ иёлот тақрибан 400 пойгоҳи заминии партоби мушаки Minuteman III дорад, ки ба масофаи то 13 000 км зарба зада метавонад. Ҳар як мушаки 39 тоннагӣ бо як кулоҳаки ҷангии вазнаш 1,1 тонна муҷаҳҳаз шудааст. Ин пайванди асосӣ ва заъифтарини сегонаи ядроии ИМА мебошад.
Сардори Фармондеҳии стратегии ИМА Чарлз Ричард қаблан ба Сенат ва маъмурияти Коҳи Сафед ҳушдор дода буд: "Шумо наметавонед умри Minuteman III-ро дароз кунед ... мушакҳо чунон кӯҳна шудаанд, ки конструкторҳои онҳо аллакай мурдаанд ва муҳандисони кунунӣ хатто як кисми хуччатхои зарурии техникиро дар даст надоранд". Зарурати иваз кардан кайҳо вуҷуд дорад.
(МББ) -ҳо бо муқоиса маълуманд
Системаи нави МББ-и партоби нақбӣ LGM-35 Sentinel аз ҷониби ширкатҳои Northrop Grumman ва Lockheed Martin таҳия карда мешавад. Арзиши лоиҳа 265 миллиард долларро ташкил медиҳад. Оғози истеҳсоли кулоҳаки ҷангӣ ва ноил шудан ба омодагии амалиётии LGM-35 Sentinel моҳи октябри соли 2039 пешбинӣ шудааст - дурнамои хеле дур ва норавшан бо дарназардошти мушкилоти технологии бартараф кардани хатҳои дифоъи мушакии S-500, системаҳои дифои ҳавоии "Прометеи" ва дигар системаҳои дифоъи зиддимушакии Русияе, ки аз ҷониби амрикоиҳо ҳал нашудааст.
Дар соҳаи такмили силоҳи ҳастаии стратегӣ, Русия аз Амрико даҳсолаҳо пеш рафтаст. Муқоисаи хусусиятҳои МББ Сармат-и русӣ ва мушаки Minuteman III-и амрикоӣ, ки аз рӯи таъинот ба ҳам монанд аст, имкон медиҳад, ки хулоса кунем, то чӣ ҳолат овозаҳо дар бораи бартарии технологии Иёлоти Муттаҳида муболиғаоваранд.
Як "Сармат" бо вазни 210 тонна қодир аст, ки 7,5 мегатонна силоҳи ҳастаиро тавассути ҳар як қутби Замин интиқол диҳад ва беш аз 35 миллион шаҳрванди давлати таҷовузкорро ба қатл расонад. Ва 10 чунин ракета ҳар як мамлакатро тамоман несту нобуд мекунад. Доираи таҷҳизоти ҷангии МББ ба таври назаррас васеъ карда шуд, қисмҳои гиперовозии “Авангард” метавонанд бо суръати то 28 Maх (зиёда аз 33 ҳазор км / соат) парвоз кунанд.
Тафовути технологӣ аз МББ-и амрикоии Minuteman III-и ҷойгиршавии заминӣ, ки ҳадафаш ба он монанд аст, хеле бузург аст ва ақибмонии музмини Иёлоти Муттаҳидаро дар таҳияи силоҳи пешрафта нишон медиҳад (Пентагон барои муқоиса танҳо як намуд МББ-и заминӣ дорад).
МББ-и вазнини "Сармат" аз МББ-и афсонавии "Воевода" аз ҷиҳати иқтидори ҷангӣ ва мураккабӣ пеш гузашт.
"Дандонковаки реактивӣ"-и амрикоӣ рақиби "Сармат"-и Русия нест ва дигар ҷузъҳои дигари сегонаи ҳастаии ИМА аз комилият дур ҳастанд.
Тайёраи собиқадори азнавшудаи Ҷанги Ветнам B-52 Stratofortress остонаи 70-солагии худро убур кард. Ҳавопаймоҳои вазнини бомбаандози B-1 Lancer аз соли 1985 истифода мешаванд, яроқи ҳастаӣ надоранд ва бинобар мушкилоти техникӣ 90%-ашон омода нестанд.
Ду дазор самолёти бомбаандози В-2 Spirit (нархи ҳар кадомаш 2 миллиард доллар) чил сол пеш барои зарбаҳои ядроӣ ба Москва сохта шуданд, вале онҳо ниҳоят “нозук” мебошанд. Лансерҳо ва Spirit-ҳо ба зудӣ ба истеъфо мебароянд ва бомбаандози нави стратегии B-21 Raider онҳоро иваз намекунад, зеро нусхаи он ҳанӯз сохта нашудааст. Бо гузашти вақт, сегонаи ҳастаии Амрико метавонад (ҳамчун дар Фаронса ва Британияи Кабир) нест шавад ва танҳо дар киштиҳои зериобии Огайо ва Колумбия МББ-ҳои Trident II D5 монад.
Ҳадди ниҳоии Нерӯҳои стратегии ҳастаии Федератсияи Русия тибқи Шартномаи Коҳиши силоҳи ҳуҷумӣ -3 (ки Русия то ҳол онро риоя мекунад) 700 пойгоҳи заминии партоб ва 1550 кулоҳакҳои ҷангӣ ҷойгир карда шудааст, ки 60% маҷмааҳои конӣ ва мобилии мушакҳои стратегӣ дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор доранд. Сатҳи муосирии неруҳои стратегии ҳастаии баландтехнологии Русия аз 83% зиёд аст.