Анҷоми конфронси "Забони русӣ - пул миёни Тоҷикистон ва Русия" - видео

Обуна шудан
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой дар асоси дастури Вазорати маорифи Русия ва мусоидати мақомоти Тоҷикистон роҳандозӣ гардид
Дар анҷумани таълимии байналмиллалии "Забони русӣ – пули дӯстии Русия ва Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷанд олимон, мудирони макотиб ва омӯзгорони ду кишвар табодули таҷриба карданд.
Чорабинӣ дар мактаби тоҷикию русии ба номи Антон Чехов ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор шуд.
Дар ҷараёни баргузории ин чорабинӣ усул ва шаклҳои ташкилии баланд бардоштани ҳавасмандгардонии омӯзиши забони русӣ дар макотиб бо ташкили кружокҳои мубоҳисавӣ миёни муаллимони Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мактаби махсус барои фарзандони гурезаҳои афғонистонӣ дар Душанбе
Дар мактаби тоҷикӣ – русии шаҳри Хуҷанд дарсҳои кушод бо иштироки магистрантҳои Донишгоҳи Олтой сурат гирифт.
Ташаккули системаи баланд бардоштани сифати таълим ба забони русӣ аз мавзуъҳои дигари чорабинӣ буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони русӣ баланд арзёбӣ мегардад.
Лентаи хабарҳо
0