https://sputnik.tj/20231103/vkkh-khisorot-ia-tahrimho-kohish-ravobit-rusiya-arzyobi-1060307566.html
ВКХ хисороти ИА аз таҳримҳо ва коҳиши равобит бо Русия арзёбӣ кард
ВКХ хисороти ИА аз таҳримҳо ва коҳиши равобит бо Русия арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки натиҷаи рӯй гардонидани Аттиҳоди Аврупо аз равобити тиҷорӣ бо Русия барояш зарари ҳангуфт дар пай дошт
2023-11-03T11:55+0500
2023-11-03T11:55+0500
2023-11-03T12:09+0500
русия
иа
таҳримҳо
ғарб
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0e/1054205043_0:0:3319:1867_1920x0_80_0_0_9c0a410d3de0f6fe1efdbd6b009f46f4.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Таҳримҳо ва қатъи равобити иқтисодӣ бо Русия аллакай ба Иттиҳодияи Аврупо тақрибан 1,5 триллион доллар зиён расонидааст, ҳаҷми тиҷорати мутақобила низ ба сифр наздик мешавад. Дар ин бора ба хабарнигорон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Авруосиё муовини вазири хориҷа Александр Грушко хабар дод.Ба гуфтаи вай, дар соли 2013 ҳаҷми муомилоти мол миёни ширкатҳои русӣ ва шарикони аврупоӣ 417 миллиард долларро ташкил медод ва дар сурати мавҷуд набудани таҳримҳо дар соли ҷорӣ гардиши мол метавjybcn ба 700 миллиард доллар бирасад. Аммо дар соли 2022 ин рақам ҳамагӣ 200 миллиард доллар буд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 47 миллиард ва то охири сол камтар аз 100 миллиард хоҳад шуд.Дар натиҷа, саноати Олмон "газро бо нархҳо нисбат ба бозори дохилии ИМА се маротиба баландтар мехарад", истеҳсолот ба Амрикои Шимолӣ меравад ва ҳамаи ин сарфи назар аз бонгҳои тиҷоратӣ рӯй медиҳад, гуфт мавсуф. Пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримҳо алайҳи Маскавро афзоиш дод. Шумораи маҳдудиятҳо ба даҳҳо ҳазор мерасад, гарчанде ки дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо эътироф мекунанд, ки таъсири манфӣ он қадар назаррас набуд. Тавре Владимир Путин қайд кард, сиёсати боздоштан ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва ҳадафи аслии он бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сарвари давлат, Маскав ин фишори доимиро оромона аз сар мегузаронад ва ташаббускорони таҳримот худро муҷозот мекунанд.
https://sputnik.tj/20230826/minsk-kishvarho-uzvi-iiao-yakjo-tahrim-muboriza-1059064881.html
русия
иа
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0e/1054205043_349:0:3080:2048_1920x0_80_0_0_aeff2685df2976602bf69fbc53b029cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх хисорот иа таҳримҳо коҳиш равобит русия арзёбӣ
вкх хисорот иа таҳримҳо коҳиш равобит русия арзёбӣ
ВКХ хисороти ИА аз таҳримҳо ва коҳиши равобит бо Русия арзёбӣ кард
11:55 03.11.2023 (Навсозишуда: 12:09 03.11.2023) Намояндаи Вазорати корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки натиҷаи рӯй гардонидани Аттиҳоди Аврупо аз равобити тиҷорӣ бо Русия барояш зарари ҳангуфт дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Таҳримҳо ва қатъи равобити иқтисодӣ бо Русия аллакай ба Иттиҳодияи Аврупо тақрибан 1,5 триллион доллар зиён расонидааст, ҳаҷми тиҷорати мутақобила низ ба сифр наздик мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигорон дар ҳошияи Форуми иқтисодии Авруосиё муовини вазири хориҷа Александр Грушко хабар дод.
Ба гуфтаи вай, дар соли 2013 ҳаҷми муомилоти мол миёни ширкатҳои русӣ ва шарикони аврупоӣ 417 миллиард долларро ташкил медод ва дар сурати мавҷуд набудани таҳримҳо дар соли ҷорӣ гардиши мол метавjybcn ба 700 миллиард доллар бирасад.
Аммо дар соли 2022 ин рақам ҳамагӣ 200 миллиард доллар буд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 47 миллиард ва то охири сол камтар аз 100 миллиард хоҳад шуд.
"Соли оянда он 50 миллиард мешавад ва баъдан майл ба сифр хоҳад расид", - афзуд Грушко.
Дар натиҷа, саноати Олмон "газро бо нархҳо нисбат ба бозори дохилии ИМА се маротиба баландтар мехарад", истеҳсолот ба Амрикои Шимолӣ меравад ва ҳамаи ин сарфи назар аз бонгҳои тиҷоратӣ рӯй медиҳад, гуфт мавсуф.
Пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримҳо алайҳи Маскавро афзоиш дод.
Шумораи маҳдудиятҳо ба даҳҳо ҳазор мерасад, гарчанде ки дар Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо эътироф мекунанд, ки таъсири манфӣ он қадар назаррас набуд.
Тавре Владимир Путин қайд кард, сиёсати боздоштан ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва ҳадафи аслии он бадтар кардани зиндагии миллионҳо одамон аст.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи сарвари давлат, Маскав ин фишори доимиро оромона аз сар мегузаронад ва ташаббускорони таҳримот худро муҷозот мекунанд.