Минск аз кишварҳои узви ИИАО даъват кард якҷо бо таҳримҳо мубориза баранд

© Sputnik / Asatur YesayantsФлаги стран ЕАЭС. ЕЭС, архивное фото
Флаги стран ЕАЭС. ЕЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2023
Обуна шудан
Ҷумҳурии Беларус пешниҳод кард, ки барои эҷоди як механизми муассир барои муқовимат ба фишорҳои иқтисодии Ғарб чораҳо андешида шавад
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд ба таҳримҳои Ғарб ҷавоби муштарак омода намоянд, гуфт ахиран сарвазири Беларус Роман Головченко дар ҷаласаи шӯрои байниҳукуматии ИИАО.
"Ман ёдовар мешавам, ки мо то ҳол дар мавриди таҳияи механизми андешидани чораҳои ҷавобӣ ба фишори иқтисодӣ ба кишварҳои узви ИИАО аз ҷониби кишварҳои сеюм тасмимҳои ҷиддӣ нагирифтаем", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки ин танҳо хоҳиши Минск нест - чунин тасмим дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар соли 2021 гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Беларус пешниҳод кард, ки барои эҷоди як механизми муассир барои муқовимат ба фишори Ғарб ва иҷрои дастурҳои сарони кишварҳои узви ИИАО чораҳо андешида шавад.
Роман Головенко ҳамчунин зарурати амиқтар кардани ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар соҳаи технологияҳои навро изҳор дошт.
Премьер-министр РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2023
Ҳаракати бемонеаи пул, қувваи корӣ ва хадамот: Мишустин гуфт, ИИАО бояд худкифо бошад
Вай ба кор дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ҳамкориҳои инноватсионӣ ва стандартҳои нави таълим ишора кард.
Ба ақидаи вай, ҳамаи ин бояд як самти тараққиёти иттиходия гардад ва бинобар ин пешгӯии якояи тараққиёти илму техника зарур аст.
“Зарур аст, ки иқтидорҳоро муттаҳид намуда, лоиҳаҳои воқеии илмӣ ва илмию техникиро амалӣ созем", - гуфт Головченко.
Ёдовар мешавем, ки ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон шомиланд.
Минск ба тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмон дар робита ба афзоиши фишорҳои Ғарб умед дорад.
Лентаи хабарҳо
0