https://sputnik.tj/20231103/vkd-rusiya-muboriza-mavod-mukhaddir-tojikiston-rubl-1060306241.html
Русия барои мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон пул медиҳад
Русия барои мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон пул медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Ноҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2023-2025 дар бораи муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир созишнома бастанд
2023-11-03T11:07+0500
2023-11-03T11:07+0500
2023-11-03T11:10+0500
русия
дар тоҷикистон
кӯмак
маводи мухаддир
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/46/1028574635_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c31895086ec1f23389ad3bf69e41461c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Русия дар чаҳорчӯби барномаи муштараки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 250 миллион рубл ихтисос медиҳад. Дар ин бора ба РИА "Новости" аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Русия хабар доданд. Ин санадро раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев имзо карданд. Созишнома, ки то соли 2025 қабул шудааст, ҳамкориҳои ду кишварро дар амри ошкор ва аз байн бурдани паҳншавии маводди мамнӯъ пешбинӣ мекунад. Зимнан, зимни имзои ин санад сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев ҳузур дошт ва оҷонсии Тоҷикистон нақши назарраси кишварро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон таъкид кардааст. Ёдовар мешавем, ки Русия чанде пеш барои идомаи тарҳи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо карда буд.
https://sputnik.tj/20231103/tojikiston-rusiya-muboriza-mavodi-mukhaddir-taqviyat-1060305301.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102857/46/1028574635_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2a7ea36727a516c0c03d6129d116eee0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия мубориза мавод мухаддир тоҷикистон
русия мубориза мавод мухаддир тоҷикистон
Русия барои мубориза бо маводи мухаддир ба Тоҷикистон пул медиҳад
11:07 03.11.2023 (Навсозишуда: 11:10 03.11.2023) Ноҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Русия барои солҳои 2023-2025 дар бораи муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир созишнома бастанд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Русия дар чаҳорчӯби барномаи муштараки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон 250 миллион рубл ихтисос медиҳад.
Дар ин бора ба РИА "Новости" аз хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Русия хабар доданд.
Ин санадро раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев имзо карданд.
Созишнома, ки то соли 2025 қабул шудааст, ҳамкориҳои ду кишварро дар амри ошкор ва аз байн бурдани паҳншавии маводди мамнӯъ пешбинӣ мекунад.
Зимнан, зимни имзои ин санад сафири Русия дар Душанбе Семён Григорьев ҳузур дошт ва оҷонсии Тоҷикистон нақши назарраси кишварро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон таъкид кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия чанде пеш барои идомаи тарҳи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо карда буд.