https://sputnik.tj/20231103/tojikiston-rusiya-muboriza-mavodi-mukhaddir-taqviyat-1060305301.html
Тоҷикистону Русия мубориза бо маводи мухаддирро тақвият медиҳанд
Тоҷикистону Русия мубориза бо маводи мухаддирро тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, пеш аз ҳама, аз Афғонистонро баррасӣ карданд
2023-11-03T09:44+0500
2023-11-03T09:44+0500
2023-11-03T09:46+0500
дар тоҷикистон
русия
мубориза
маводи мухаддир
тақвият
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758641_0:1:3000:1689_1920x0_80_0_0_6587154c72957009a920bd3871295e06.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистону Русия дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ҳамкорӣ мекунанд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар доданд. Созишномаи дахлдорро директори АНМН Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба имзо расониданд, ки он барои солҳои 2023-2025 эътибор дорад. Чорабинӣ онлайн сурат гирифта, сардори Агентӣ оид ба сиёсати зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дод. Ҷонибҳо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва минтақаро баррасӣ намуда, ҳамчунин аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар ҷамъбаст онҳо омодагии худро барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо маводи мухаддир изҳор намуданд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия барои идомаи лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо кардааст.
https://sputnik.tj/20231024/spad-muboriza-mavod-mukhaddir-marz-tojikiston-afghoniston-purzur-1060133127.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/04/1032758641_748:0:3000:1689_1920x0_80_0_0_f5c6d88e2fee7df989d82cc8010bba31.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия мубориза маводи мухаддир
тоҷикистон русия мубориза маводи мухаддир
Тоҷикистону Русия мубориза бо маводи мухаддирро тақвият медиҳанд
09:44 03.11.2023 (Навсозишуда: 09:46 03.11.2023) Намояндагони ниҳодҳои қудратии ду кишвар назорати қочоқи маводи мухаддир дар минтақа, пеш аз ҳама, аз Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Кормандони интизомии Тоҷикистону Русия дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаи дахлдорро директори АНМН Ҳабибулло Воҳидзода ва вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев ба имзо расониданд, ки он барои солҳои 2023-2025 эътибор дорад.
Чорабинӣ онлайн сурат гирифта, сардори Агентӣ оид ба сиёсати зидди маводи мухаддири Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дод.
Ҷонибҳо вазъи мубориза бо маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ ва минтақаро баррасӣ намуда, ҳамчунин аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд.
Дар ҷамъбаст онҳо омодагии худро барои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо маводи мухаддир изҳор намуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия барои идомаи лоиҳаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ 500 ҳазор доллар ҷудо кардааст.