https://sputnik.tj/20231103/vakilon-hisobot-hukumat-buja-1060309008.html
Парлумони Тоҷикистон ҳисоботи ҳукумат дар мавриди буҷаро шунид
Парлумони Тоҷикистон ҳисоботи ҳукумат дар мавриди буҷаро шунид
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки масъули қабули қонун дар бораи буҷети давлатӣ мебошад, ҷараёни иҷрои онро аз ҷумла тариқи талаби ҳисобот назорат менамояд
2023-11-03T12:47+0500
2023-11-03T12:47+0500
2023-11-03T12:50+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
маҷлиси намояндагон
парлумон
ҳисоб
буҷа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/86/1030648642_0:246:3001:1934_1920x0_80_0_0_820d1fa2e3713afd6c06f56f8cb5937f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Барои назорати раванди иҷрои буҷаи давлатӣ барои соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соати парлумонӣ баргузор гардид. Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин иқдом бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми раиси палатаи поёнии парлумон, Маҳмадалӣ Ватанзода сурат гирифт. Ба вакилон вазири молия, сардори Хадамоти гумрук, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, муовини раиси Кумитаи андоз ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷараёни иҷрои буҷа дар 9 моҳи соли равон ҳисобот додаанд. Тафсилот оварда нашудааст. Танҳо таъкид шудааст, ки рушди босуботи мамлакат маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти буҷаи давлатӣ вобастагӣ дорад. Иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад ва Маҷлиси намояндагон аз ҷумла ба воситаи соати парлумонӣ ин равандро назорат мекунад. Дар парлумон аз ниҳодҳои масъул истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ ба таври зарурӣ талаб карда шудаст.
https://sputnik.tj/20231027/bahs-buja-majlisi-hukumat-rahmon-maqul-donist-1060192150.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103064/86/1030648642_100:0:2767:2000_1920x0_80_0_0_ec71e7e1884e2c0b290df099f772eeb5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакилон, хостор, шафофият, буҷа, тоҷикистон, қонун
вакилон, хостор, шафофият, буҷа, тоҷикистон, қонун
Парлумони Тоҷикистон ҳисоботи ҳукумат дар мавриди буҷаро шунид
12:47 03.11.2023 (Навсозишуда: 12:50 03.11.2023) Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки масъули қабули қонун дар бораи буҷети давлатӣ мебошад, ҷараёни иҷрои онро аз ҷумла тариқи талаби ҳисобот назорат менамояд
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Барои назорати раванди иҷрои буҷаи давлатӣ барои соли 2023 дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соати парлумонӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Маҷлиси намояндагон, ин иқдом бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми раиси палатаи поёнии парлумон, Маҳмадалӣ Ватанзода сурат гирифт.
Ба вакилон вазири молия, сардори Хадамоти гумрук, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, муовини раиси Кумитаи андоз ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷараёни иҷрои буҷа дар 9 моҳи соли равон ҳисобот додаанд. Тафсилот оварда нашудааст.
Танҳо таъкид шудааст, ки рушди босуботи мамлакат маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти буҷаи давлатӣ вобастагӣ дорад.
Иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад ва Маҷлиси намояндагон аз ҷумла ба воситаи соати парлумонӣ ин равандро назорат мекунад.
Дар парлумон аз ниҳодҳои масъул истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ ба таври зарурӣ талаб карда шудаст.