https://sputnik.tj/20231027/bahs-buja-majlisi-hukumat-rahmon-maqul-donist-1060192150.html
Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон лоиҳаро маъқул донист
Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон лоиҳаро маъқул донист
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи президент, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
2023-10-27T21:09+0500
2023-10-27T21:09+0500
2023-10-27T21:09+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
буҷаи тоҷикистон
маҷлиси ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057738042_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_09a261105a815a83221fe14b966d667e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.Мавзӯи асосии он баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 будааст.Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дода, афзудааст, ки лоиҳаро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ кардааст.Гуфта мешавад, лоиҳаи буҷети давлатӣ бо ҳадафи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиши таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, рушди соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, беҳсозии сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.Ба гуфтаи президент, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025 — 2026 супориш додааст.Дар ҷаласа ҳамзамон, дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҳисоботи ироа шудааст.Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои буҷаи давлатӣ ва қарзгирии хориҷӣ пуштибонӣ карда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
https://sputnik.tj/20231017/tojikiston-az-sodiroti-nerui-barq-chi-qadar-daromad-girift-1059995124.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/10/1057738042_47:0:1182:851_1920x0_80_0_0_9ebe60dec6fb819ff4bb2ac2fb189653.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс буҷа маҷлис ҳукумат раҳмон лоиҳа маъқул
баҳс буҷа маҷлис ҳукумат раҳмон лоиҳа маъқул
Баҳси буҷа дар маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон лоиҳаро маъқул донист
Ба гуфтаи президент, баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуд.
Мавзӯи асосии он баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 будааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар дода, афзудааст, ки лоиҳаро вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифӣ кардааст.
Гуфта мешавад, лоиҳаи буҷети давлатӣ бо ҳадафи амалӣ намудани сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиши таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, рушди соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, беҳсозии сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Ба гуфтаи президент, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои ҳукумат ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи мутавозини сиёсати макроиқтисодӣ, буҷету андоз ва пулию қарзӣ муҳим мебошад.
Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар барои давраи миёнамуҳлат, нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои соли 2024 ва дурнамои он барои солҳои 2025 — 2026 супориш додааст.
Дар ҷаласа ҳамзамон, дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҳисоботи ироа шудааст.
Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон аз лоиҳаҳои буҷаи давлатӣ ва қарзгирии хориҷӣ пуштибонӣ карда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.