Муштзанҳои тоҷик аз қаҳрамонии Осиё чанд медал оварданд?

Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2023
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Остона ҳунарнамоии хуб нишон доданд, хабар медиҳад Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Остона барои Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 9 медал – 1 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овард.
Дар чемпионат дар маҷмӯъ 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат варзиданд.
Махмадбеков Сомон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2023
Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ карданд.
Ҷаҳонгир Камолов дар вазни 46 кг миёни наврасон медали нуқра ба даст овард. "
Медалҳои биринҷиро Мансурхӯҷа Мӯъминов (48 кг), Билолҷон Иқсанов (50 кг), Абубакр Ғафуров (66 кг), Зиёратшо Қосимов (70 кг), Фариноз Абдуллоева (52 кг), Мино Аъзамзода (60 кг) миёни наврасон, Меҳроҷ Суфичонов (48 кг) ва Баҳромек Ҳотамов (71 кг) байни ҷавонон ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0