https://sputnik.tj/20231030/somon-talosh-amalisozi-yagona-orzu-1060221000.html
Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад
Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад
Sputnik Тоҷикистон
Сомон Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои касбиаш, нақшаҳои наздик ва баромадҳои худ дар мусобиқаҳо нақл кард
2023-10-30T14:33+0500
2023-10-30T14:33+0500
2023-10-30T18:03+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
сомон маҳмадбеков
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103045/19/1030451941_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_073b6aeb22fe8357324e79fb9f4a94d8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷудокор Сомон Маҳмадбеков тирамоҳи соли ҷорӣ дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳанҷоу медали тилло гирифт ва ҳоло ӯ аз ҳарвақта бештар ба дарёфти муҷаввиз ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазни 81 кг наздик аст. Тавре ин варзишгар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аввалин шудан дар Чин осон набуд.Рақиби ӯ паҳлавон аз Корея буд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷои 4-ум қарор дорад. Ба гуфтаи Маҳмадбеков сатҳи мусобиқа низ баланд буд.Сомон Маҳмадбеков дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Ба гуфтаи варзишкор, шавқу ҳаваси хонаводагӣ ба ӯ таассурот бахшидааст ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ин роҳро идома диҳад. Ӯ ҳамчунин гуфт, Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо дар варзиш улгу барои ӯ ҳастанд ва ба шарофати онҳо Маҳмадбеков имкони тамрин дар Русияро пайдо кардааст. "Сабаби дигари барои ман намуна будани онҳо дар он аст, ки замоне онҳо мисли мо шароити хуб надоштанд, аммо бо вуҷуди ин дар ҳар коре, ки дар соҳаи худ доранд, устувор буданд. Бо шарофати онҳо ман ва писари амакам Маҳмадбек Маҳмадбеков ба чизе ноил шудем", - қайд мекунад Сомон. Ба гуфтаи ӯ, Маҳмадбеков низ бо такя ба таҷриба ва дониши худ талош дорад дар варзиш ба қуллаҳои нав ноил гардад. Қобили зикр аст, ки пас аз ин мусобиқа Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷавонон-2019 дар Марокаш медали тилло ба даст овард. "Ин медал аввалин тиллои ман дар чунин як мусобиқаи бузург буд. Он Ҷоми ҷаҳон бароям барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар арсаи ҷаҳонӣ нуқтаи ибтидоӣ гардид. Ман ба худ бовар мекардаму ҳамеша ба муваффақият умед медоштам. Боварӣ доштам, ки метавонам ба дастовардҳои баланд ноил шавам. Шахсе, ки ба худ бовар надорад, дар зиндагӣ муваффақ нахоҳад шуд", - қайд мекунад варзишгар. Соли ҷорӣ дар нахустин Гран-прии Душанбе Сомон медали тилло гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқот аз хотирмонтарин мусобиқаҳои касбиаш буд. Ба гуфтаи ҷудокори тоҷик, ҳоло дар варзиш як орзуи калон дорад. "Ман мехоҳам дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст орам, мисли ҳама варзишгарон орзу дорам, ки ҷоизаи тило гирам ва барои ин кӯшиш мекунам. Дар пеш мусобиқаҳои бузурге ҳастанд, ки дар онҳо барои гирифтани холҳои олимпӣ мубориза бурдан мумкин аст. Ман боварӣ дорам, ки ба Олимпиадаи соли 2024 меравам ва кӯшиш мекунам, ки худро дар он ҷо сазовор нишон диҳам!” — илова кард паҳлавон.
https://sputnik.tj/20230925/mahmadbekov-tilo-khojazoda-nishoni-birinji-1059580395.html
https://sputnik.tj/20231019/vada-rustami-gholibon-boziho-osiyo-kalid-khona-1060035741.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103045/19/1030451941_194:0:2861:2000_1920x0_80_0_0_8470b3ed95d0be16fba9ec943fa3d1d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша сомон медал бозиҳои олимпии париж
нақша сомон медал бозиҳои олимпии париж
Бовар дорам, талош мекунам: Сомон Маҳмадбеков азми гирифтани нишони олимпиро дорад
14:33 30.10.2023 (Навсозишуда: 18:03 30.10.2023) Эксклюзив
Сомон Маҳмадбеков ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҳадафҳо ва вазифаҳои касбиаш, нақшаҳои наздик ва баромадҳои худ дар мусобиқаҳо нақл кард
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷудокор Сомон Маҳмадбеков тирамоҳи соли ҷорӣ дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҳанҷоу медали тилло гирифт ва ҳоло ӯ аз ҳарвақта бештар ба дарёфти муҷаввиз ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 дар вазни 81 кг наздик аст.
Тавре ин варзишгар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аввалин шудан дар Чин осон набуд.
Рақиби ӯ паҳлавон аз Корея буд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ дар ҷои 4-ум қарор дорад. Ба гуфтаи Маҳмадбеков сатҳи мусобиқа низ баланд буд.
"Фикр мекунам, ки ҳоло барои ман олӣ ва бонуфузтарин ҷоиза дар корномаи варзишиам ба даст овардани медали тиллои Бозиҳои осиёӣ аст. Зеро ин мусобиқаҳо пас аз Бозиҳои олимпӣ ҷои дуюмро ишғол мекунанд", - гуфт варзишгар.
Сомон Маҳмадбеков дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Ба гуфтаи варзишкор, шавқу ҳаваси хонаводагӣ ба ӯ таассурот бахшидааст ва ӯ тасмим гирифтааст, ки ин роҳро идома диҳад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, Фотеҳ ва Эргаш Маҳмадбековҳо дар варзиш улгу барои ӯ ҳастанд ва ба шарофати онҳо Маҳмадбеков имкони тамрин дар Русияро пайдо кардааст.
"Сабаби дигари барои ман намуна будани онҳо дар он аст, ки замоне онҳо мисли мо шароити хуб надоштанд, аммо бо вуҷуди ин дар ҳар коре, ки дар соҳаи худ доранд, устувор буданд. Бо шарофати онҳо ман ва писари амакам Маҳмадбек Маҳмадбеков ба чизе ноил шудем", - қайд мекунад Сомон.
Ба гуфтаи ӯ, Маҳмадбеков низ бо такя ба таҷриба ва дониши худ талош дорад дар варзиш ба қуллаҳои нав ноил гардад.
"Ҷоизаҳои ман хизмати падар, бобо ва тағоҳоям мебошанд. Чемпионати ҷаҳонии ҷавонон-2017 аввалин мусобиқаи муҳим дар фаъолияти ман аст. Сипас дар Загреб тавонистам дар вазни 66 кг медали биринҷӣ ба даст орам", - мегӯяд ӯ.
Қобили зикр аст, ки пас аз ин мусобиқа Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷавонон-2019 дар Марокаш медали тилло ба даст овард.
"Ин медал аввалин тиллои ман дар чунин як мусобиқаи бузург буд. Он Ҷоми ҷаҳон бароям барои ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар арсаи ҷаҳонӣ нуқтаи ибтидоӣ гардид. Ман ба худ бовар мекардаму ҳамеша ба муваффақият умед медоштам. Боварӣ доштам, ки метавонам ба дастовардҳои баланд ноил шавам. Шахсе, ки ба худ бовар надорад, дар зиндагӣ муваффақ нахоҳад шуд", - қайд мекунад варзишгар.
Соли ҷорӣ дар нахустин Гран-прии Душанбе Сомон медали тилло гирифт. Ба гуфтаи ӯ, ин мусобиқот аз хотирмонтарин мусобиқаҳои касбиаш буд.
"Чунки он дар кишвари мо сурат гирифт. Ман бори аввал дар ин ҷо дидам, ки чӣ гуна мухлисон варзишгаронро дастгирӣ мекунанд. Ин ба мо рӯҳбаландӣ бахшид ва мунтахаби мо кӯшиш кард, ки ғалаба кунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ҷудокори тоҷик, ҳоло дар варзиш як орзуи калон дорад.
"Ман мехоҳам дар Бозиҳои олимпӣ медал ба даст орам, мисли ҳама варзишгарон орзу дорам, ки ҷоизаи тило гирам ва барои ин кӯшиш мекунам. Дар пеш мусобиқаҳои бузурге ҳастанд, ки дар онҳо барои гирифтани холҳои олимпӣ мубориза бурдан мумкин аст. Ман боварӣ дорам, ки ба Олимпиадаи соли 2024 меравам ва кӯшиш мекунам, ки худро дар он ҷо сазовор нишон диҳам!” — илова кард паҳлавон.