https://sputnik.tj/20231102/nigaroni-rais-narkh-suzishvori-garoni-rohkiro-khorugh-1060293509.html
Нигаронии муовини раис кор надод: нархи сӯзишворӣ боиси гаронии роҳкиро дар Хоруғ шуд
Нигаронии муовини раис кор надод: нархи сӯзишворӣ боиси гаронии роҳкиро дар Хоруғ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби ин иқдом яку якбора баланд гардидани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки таъсири он ба минтақа низ бетаъсир намонд, арзёбӣ мешавад
2023-11-02T14:07+0500
2023-11-02T14:07+0500
2023-11-02T14:07+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
сӯзишворӣ
роҳкиро
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102196/64/1021966485_0:301:640:661_1920x0_80_0_0_d9bb70235eb0903e9be34efe4c2906a2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ, маркази маҳмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзиши роҳкиро якбора гарон шуд.Дар ин бора мақомоти вилоят хабар дода гуфтаанд, ки ин тасмим дар дар асоси хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ ва раёсати Муассисаи давлатии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ гирфита шуд.Сабаби ин иқдом яку якбора баланд гардидани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки таъсири он ба минтақа низ расид, арзёбӣ мешавад.Гуфта мешавад, ки ахиран дар вилоят бензин аз 8,80 ба 12,2 ва гази моеъ аз 5,7 ба 9,5 соомнӣ боло рафт.Ҳамин тариқ шурӯъ аз имрӯз 2 ноябри соли 2023 нархи роҳкироҳи воситаҳои хизматрасонии ҷамъиятии тамғаи "Тангем" дар ҳамаи хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва нархи хизматрасонии автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ бардошта мешавад.Мақомоти вилоят изҳори итминони кардаанд, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ вазъи воқеии бозори ҷаҳониро дуруст баҳогузорӣ намуда, талаботи риоя менамояд.Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода зимни як ҷаласа аз гаронии нархи доруву маводи сӯхт изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки рӯзҳои охир ба минтақа бензини пастсифат ворид мешавад.Ӯ хостори назорати қимати маводи сӯхт дар минтақа шуда буд, аммо чанд рӯз пас аз он аз гаронии роҳкиро хабар шуд.Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш овардаст.Ба иттилои ин ниҳод гаронӣ дар кишварҳои содиркунанда низ ба назар мерасад.Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.
https://sputnik.tj/20231031/vmkb-qimat-suzishvori-doru-nazorat-doshta-shavad-1060245886.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102196/64/1021966485_0:241:640:721_1920x0_80_0_0_73fc335e9141ad7c9e2720f142c34fab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигаронӣ раис нарх сӯзишворӣ гарон роҳкиро хоруғ
нигаронӣ раис нарх сӯзишворӣ гарон роҳкиро хоруғ
Нигаронии муовини раис кор надод: нархи сӯзишворӣ боиси гаронии роҳкиро дар Хоруғ шуд
Сабаби ин иқдом яку якбора баланд гардидани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки таъсири он ба минтақа низ бетаъсир намонд, арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ, маркази маҳмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзиши роҳкиро якбора гарон шуд.
Дар ин бора мақомоти вилоят хабар дода гуфтаанд, ки ин тасмим дар дар асоси хулосаи хадамоти зиддиинҳисорӣ дар ВМКБ ва раёсати Муассисаи давлатии автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ гирфита шуд.
Сабаби ин иқдом яку якбора баланд гардидани нархи сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, ки таъсири он ба минтақа низ расид, арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки ахиран дар вилоят бензин аз 8,80 ба 12,2 ва гази моеъ аз 5,7 ба 9,5 соомнӣ боло рафт.
Ҳамин тариқ шурӯъ аз имрӯз 2 ноябри соли 2023 нархи роҳкироҳи воситаҳои хизматрасонии ҷамъиятии тамғаи "Тангем" дар ҳамаи хатсайрҳои шаҳри Хоруғ аз 2 сомонӣ ба 2,5 сомонӣ ва нархи хизматрасонии автобусҳо аз 1,5 сомонӣ ба 2 сомонӣ бардошта мешавад.
Мақомоти вилоят изҳори итминони кардаанд, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ вазъи воқеии бозори ҷаҳониро дуруст баҳогузорӣ намуда, талаботи риоя менамояд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода зимни як ҷаласа аз гаронии нархи доруву маводи сӯхт изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки рӯзҳои охир ба минтақа бензини пастсифат ворид мешавад.
Ӯ хостори назорати қимати маводи сӯхт дар минтақа шуда буд, аммо чанд рӯз пас аз он аз гаронии роҳкиро хабар шуд.
Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш овардаст.
Ба иттилои ин ниҳод гаронӣ дар кишварҳои содиркунанда низ ба назар мерасад.
Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.