https://sputnik.tj/20231031/vmkb-qimat-suzishvori-doru-nazorat-doshta-shavad-1060245886.html
Дар ВМКБ гуфтанд, ки қимати сӯзишворию доруворӣ назорат шавад
Дар ВМКБ гуфтанд, ки қимати сӯзишворию доруворӣ назорат шавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон вақтҳои охир на танҳо қимати маводи сӯхт, балки доруҳо низ боло рафтааст. Муовини раиси ВМКБ аз ин раванд дар вилоят изҳори норозигӣ кард
2023-10-31T15:31+0500
2023-10-31T15:31+0500
2023-10-31T17:04+0500
дар тоҷикистон
вмкб
сӯзишворӣ
иҷтимоъ
маводи доруворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_de5aa56d88d5516d69a83687645c3111.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нархи сӯзишворӣ ва доруворӣ бояд назорат шавад. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода зимни як ҷаласа изҳор дошт. Дар баррасии масъалаи нархи доруву сӯзишворӣ раҳбарони идораҳои тандурустӣ ва хадамоти зиддиинҳисорӣ, намояндагони дорухонаҳо ва ширкатҳои таъминкунандаи бензину газ низ ширкат доштанд. Дар ин ҷаласа муовини раиси ВМКБ аз гаронии нархи доруву маводи сӯхт изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки рӯзҳои охир ба минтақа бензини пастсифат ворид мешавад. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ болоравии нархи гази моеъ сабт шуда буд. Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш овардаст.Ба иттилои ин ниҳод гаронӣ дар кишварҳои содиркунанда низ ба назар мерасад.Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.Масалан, Русия, ки таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии бозори дохилии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои ҷуброни зиёни ширкатҳои нафтӣ ва танзими нархҳои нафтии онҳо механизми дамперро (пардохти махсуси давлатӣ, ки боиси афзоиши талаботи дохилӣ) ба кор андохтааст.Илова бар ин, Қазоқистон ба далели зиёновар будани истеҳсолот тавлид ва коркарди гази моеъро коҳиш додааст.Ширкатҳое, ки ба ин навъи сӯзишворӣ тахассус доранд, маҳсулоти худро бо зиён фурӯхтаанд.Ба ин далел, вазорати энержии Қазоқистон тасмим гирифт, ки дар тӯли 3 сол ба тадриҷ нархи гази моеъро боло барад ва ҳамчунин содироти ин маводи сӯхтро маҳдуд кунад.
https://sputnik.tj/20231019/sabab-boloravi-narkh-suzishvori-tojikiston-tafsilot-1060037570.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102797/63/1027976313_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_831cc96a08fb5f7c8239ab95cc4a015f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб қимат сӯзишворӣ дору назорат
вмкб қимат сӯзишворӣ дору назорат
Дар ВМКБ гуфтанд, ки қимати сӯзишворию доруворӣ назорат шавад
15:31 31.10.2023 (Навсозишуда: 17:04 31.10.2023) Дар Тоҷикистон вақтҳои охир на танҳо қимати маводи сӯхт, балки доруҳо низ боло рафтааст. Муовини раиси ВМКБ аз ин раванд дар вилоят изҳори норозигӣ кард
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нархи сӯзишворӣ ва доруворӣ бояд назорат шавад.
Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Анвар Иматшозода зимни як ҷаласа изҳор дошт.
Дар баррасии масъалаи нархи доруву сӯзишворӣ раҳбарони идораҳои тандурустӣ ва хадамоти зиддиинҳисорӣ, намояндагони дорухонаҳо ва ширкатҳои таъминкунандаи бензину газ низ ширкат доштанд.
Дар ин ҷаласа муовини раиси ВМКБ аз гаронии нархи доруву маводи сӯхт изҳори нигаронӣ карда, таъкид кард, ки рӯзҳои охир ба минтақа бензини пастсифат ворид мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ болоравии нархи гази моеъ сабт шуда буд.
Бино ба таҳлилҳои Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, нархи чаканаи фурӯши бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории кишвар шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июли соли равон рӯ ба афзоиш овардаст.
Ба иттилои ин ниҳод гаронӣ дар кишварҳои содиркунанда низ ба назар мерасад.
Коршиносони соҳа ин динамикаро аз як сӯ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва аз сӯи дигар тағйири механизми демпинг марбут медонанд.
Масалан, Русия, ки таъминкунандаи аслии маҳсулоти нафтии бозори дохилии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, барои ҷуброни зиёни ширкатҳои нафтӣ ва танзими нархҳои нафтии онҳо механизми дамперро (пардохти махсуси давлатӣ, ки боиси афзоиши талаботи дохилӣ) ба кор андохтааст.
Илова бар ин, Қазоқистон ба далели зиёновар будани истеҳсолот тавлид ва коркарди гази моеъро коҳиш додааст.
Ширкатҳое, ки ба ин навъи сӯзишворӣ тахассус доранд, маҳсулоти худро бо зиён фурӯхтаанд.
Ба ин далел, вазорати энержии Қазоқистон тасмим гирифт, ки дар тӯли 3 сол ба тадриҷ нархи гази моеъро боло барад ва ҳамчунин содироти ин маводи сӯхтро маҳдуд кунад.