https://sputnik.tj/20231102/emomal-rahmon-ma-sinzhuy-didor-tafsilot-1060292048.html
Эмомалӣ Раҳмон бо Ма Синжуй дидор кард: тафсилот
Эмомалӣ Раҳмон бо Ма Синжуй дидор кард: тафсилот
Sputnik Тоҷикистон
Ба муносибати омадани намояндаи Чин ба Душанбе баргузории Анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар назар аст, ки қарор аст созишномаҳои нав имзо шаванд
2023-11-02T12:39+0500
2023-11-02T12:39+0500
2023-11-02T12:46+0500
эмомалӣ раҳмон
чин
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060291107_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5a8822c647a36aaacb2ac1458fb8885e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури ҶМЧ Ма Синжуй мулоқот кардБа гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ шуд.Қайд карда мешавад, ки роҳбари ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи худро ба имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкорӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва "сабз" ҷалб намуд. Ҳамин тариқ, ҷонибҳо аҳамияти бозсозии гузаргоҳи "Кулма-Қарасу"-ро дар рушди ҳамлу нақли коло ва маҳсулот байни кишварҳо таъкид карданд. Илова бар ин, ба муносибати омадани намояндаи Чин дар Душанбе анҷумани соҳибкорон дар назар аст. Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Ли Кян, раиси Шӯрои давлатии Чин, дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим ва тавсеаи фаъолиятро баррасӣ карданд. Масъалаи зиёд кардани иқтидори гузаргоҳи Қулма — Қаросу низ ба миён гузошта шуд. Ёдовар мешавем, ки дар нахустин Анҷумани байналмилалии нақлиётии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Русия нақши муҳими рушди долонҳои нақлиётиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъкид карда буданд. Илова бар ин, муовини вазири нақлиёти Русия идеяи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро пешниҳод кард.
https://sputnik.tj/20210617/chin-tojikiston-sohtmoni-rohi-dushanbe-horugh-qulma-1040270109.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/02/1060291107_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_b894563ef34c3a8ceb5b2e13ae8ca21f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон ма синжуй дидор чин тафсилот
эмомалӣ раҳмон ма синжуй дидор чин тафсилот
Эмомалӣ Раҳмон бо Ма Синжуй дидор кард: тафсилот
12:39 02.11.2023 (Навсозишуда: 12:46 02.11.2023) Ба муносибати омадани намояндаи Чин ба Душанбе баргузории Анҷумани соҳибкорони ду кишвар дар назар аст, ки қарор аст созишномаҳои нав имзо шаванд
ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури ҶМЧ Ма Синжуй мулоқот кард
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар, зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ шуд.
Қайд карда мешавад, ки роҳбари ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи худро ба имкониятҳои мусоиди рушди ҳамкорӣ дар иқтисодиёти рақамӣ ва "сабз" ҷалб намуд.
"Саноати барқ ва инфрасохтори он аҳамияти хоса дорад", - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамин тариқ, ҷонибҳо аҳамияти бозсозии гузаргоҳи "Кулма-Қарасу"-ро дар рушди ҳамлу нақли коло ва маҳсулот байни кишварҳо таъкид карданд.
Илова бар ин, ба муносибати омадани намояндаи Чин дар Душанбе анҷумани соҳибкорон дар назар аст.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва Ли Кян, раиси Шӯрои давлатии Чин, дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай афзоиши ҳаҷми содирот, сармоягузории мустақим ва тавсеаи фаъолиятро баррасӣ карданд.
Масъалаи зиёд кардани иқтидори гузаргоҳи Қулма — Қаросу низ ба миён гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар нахустин Анҷумани байналмилалии нақлиётии Созмони ҳамкориҳои Шанхай Русия нақши муҳими рушди долонҳои нақлиётиро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъкид карда буданд.
Илова бар ин, муовини вазири нақлиёти Русия идеяи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилиро пешниҳод кард.