https://sputnik.tj/20210617/chin-tojikiston-sohtmoni-rohi-dushanbe-horugh-qulma-1040270109.html
Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон маблағи калон медиҳад
Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон маблағи калон медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма то ноҳияи Рӯшон 203,9 млн доллар ҷудо менамояд
2021-06-17T15:35+0500
2021-06-17T15:35+0500
2021-06-17T15:35+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
душанбе
чин
нақлиёт
хоруғ
роҳ
қулма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032749822_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_0af6cfc9a935b5e599013d52e1688c3e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни баррасии масъалаи мазкур дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки маблағҳои мазкур дар асоси грантӣ дода мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”. Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар назди вакилон гуфт, қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-марзи ноҳияҳои Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, ниёз ба таъмир дорад. Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки 16 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад. Дар шарҳи ин тасмим дар Маҷлиси намояндагон гуфта нашуд, ки барои сохтмони роҳ аз Чин ба Тоҷикистон чӣ теъдод корманд ва коргар оварда мешавад. Бояд қайд кард, ки таъмири роҳ ҳам бар асоси қарордоди ду ҷониб аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад.Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамияти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.Ёдрас мешавем, ки Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз Чин беш аз 1 миллиард доллар қарздор аст.
https://sputnik.tj/20210514/rohi-dushanbe-chanok-tamir-meshavad-1039442684.html
https://sputnik.tj/20201203/Ogozi-sokhtmoni-rohi-doroi-8-khati-harakat-1032385252.html
душанбе
чин
хоруғ
қулма
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032749822_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2ab683434abef27fcae8fd919865bb3b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, пул, доллар, роҳи душанбе-хоруғ-қулма
тоҷикистон, чин, ҳамкорӣ, пул, доллар, роҳи душанбе-хоруғ-қулма
Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон маблағи калон медиҳад
Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма то ноҳияи Рӯшон 203,9 млн доллар ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни баррасии масъалаи мазкур дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки маблағҳои мазкур дар асоси грантӣ дода мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории “Авесто”.
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар назди вакилон гуфт, қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ-марзи ноҳияҳои Рӯшон яке аз минтақаҳои душворгузар ба ҳисоб рафта, ниёз ба таъмир дорад.
"Роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии роҳи автомобилгарди Осиё рақами 66 буда, барои таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, тиҷорати иқтисодии Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон нақши муҳим мебозад",-афзуд вазир.
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон, ки 16 июн дар Душанбе баргузор гардид, зикр шуд, ки Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.
Дар шарҳи ин тасмим дар Маҷлиси намояндагон гуфта нашуд, ки барои сохтмони роҳ аз Чин ба Тоҷикистон чӣ теъдод корманд ва коргар оварда мешавад.
Бояд қайд кард, ки таъмири роҳ ҳам бар асоси қарордоди ду ҷониб аз сӯи ширкатҳои чинӣ анҷом мешавад.
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.
Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамияти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.
Ёдрас мешавем, ки Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Тоҷикистон аз Чин беш аз 1 миллиард доллар қарздор аст.