Маълум шуд, тоҷикистониён дар Соли нав чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Sputnik Новогодняя елка на столичной площадке Истиклол
Новогодняя елка на столичной площадке Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.10.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон гуфт, ки тоҷикистониён бо ҳафтаи кории панҷрӯза дар арафаи Соли нав бештар истироҳат хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи ҷадвали 5/2 кор мекунанд, дар Соли нави 2024 се рӯз истироҳат хоҳанд кард.
© SputnikТоҷикистониён дар Соли нав милодӣ чанд рӯз истироҳат мекунад
Тоҷикистониён дар Соли нав милодӣ чанд рӯз истироҳат мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.10.2023
Тоҷикистониён дар Соли нав милодӣ чанд рӯз истироҳат мекунад
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар хабар доданд.

"30 ва 31 декабр дар кишвар рӯзҳои муқаррарии истироҳат буда, 1 январ рӯзи ғайрикорӣ аст", - гуфт манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар арафаи Соли нави 2023 бештари сокинони Тоҷикистон низ се рӯз истироҳат карданд, аммо рӯзҳои истироҳат дигар - 31 декабр, 1 ва 2 январ буд.
Онҳое, ки "ҳафтаи панчрӯза"-и корӣ надоранд, имсол назар ба соли гузашта камтар истироҳат мекунанд.
Праздничные и выходные дни 
в Таджикистане в 2023 году - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Рӯзҳои Ид ва истироҳат дар Тоҷикистон: тақвим барои соли 2023
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар тӯли сол беш аз 70 ҷашни мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ таҷлил мешавад.
Дар моҳи октябр иди навбатӣ ба рӯзи 8-ум — Рӯзи хоҷагии қишлоқ рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0