https://sputnik.tj/20231031/rvkd-dushanbe-ovozaho-talafot-tarkishi-merve-rad-1060243902.html
РВКД Душанбе овозаҳо дар бораи талафот дар таркиши "Мерве"-ро рад кард
РВКД Душанбе овозаҳо дар бораи талафот дар таркиши "Мерве"-ро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари ҳодисаи фавқулода дар як нуқтаи хӯроки уммуӣ дар Душанбе 3 корманди муассиса ҷароҳат бардошта, меҳмонон осеб надидаанд
2023-10-31T12:09+0500
2023-10-31T12:09+0500
2023-10-31T13:05+0500
дар тоҷикистон
сӯхтор
душанбе
рвкд ҷт дар шаҳри душанбе
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/95/1022269577_0:129:2454:1509_1920x0_80_0_0_7db21bd5bf6a8a967a12090eae07fa1a.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бар асари таркиши баллони газ дар қаҳвахонаи маъруфи "Мерве" касе ҳалок нашудааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.Раёсат таъкид кардааст, ки дар пайи ҳодисаи изтирорӣ 3 корманди ин муассиса осеб дидаанд, вале меҳмонон осеб надидаанд. "Ду корманди тарабхона ҷароҳатҳои ночиз ва ҷоғи сеюмӣ осеб дида буд, ӯро ҷарроҳӣ карда, сипас ба хона фиристоданд", - гуфт манбаъ. Ёдовар мешавем, ки ҳодиса рӯзи душанбеи 30 октябр, тақрибан соати 13:24 дақиқа дар ошхонаи муассиса, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, сар зад.Илова бар ҷароҳатбардоштагон, як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.Манбаъ гуфт, ки ҳоло сабаби ҳодиса комилан дақиқ ва зарари он муаян карда мешавад.Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳодиса дар ин қаҳвахона нест. Он соли 2018 низ оташ гирифта буд.Қаҳвахонаи "Мерве", ҳудудан 25 сол аст, ки дар маркази Душанбе ба сокинону меҳмонони шаҳр хӯрокҳои туркӣ пешниҳод мекунад.Ин қаҳвахона дар соли 2021 беҳтарин ошхонаи Душанбе эълон шуда буд.
https://sputnik.tj/20231002/sukhtor-shabona-bozor-sughd-1059725497.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/95/1022269577_137:0:2318:1636_1920x0_80_0_0_a04ec560f0ebfb72904575e5b123c61d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рвкд душанбе овозаҳо талафот таркиши "мерве"
рвкд душанбе овозаҳо талафот таркиши "мерве"
РВКД Душанбе овозаҳо дар бораи талафот дар таркиши "Мерве"-ро рад кард
12:09 31.10.2023 (Навсозишуда: 13:05 31.10.2023) Бар асари ҳодисаи фавқулода дар як нуқтаи хӯроки умумӣ дар Душанбе 3 корманди муассиса ҷароҳат бардошта, меҳмонон осеб надидаанд
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бар асари таркиши баллони газ дар қаҳвахонаи маъруфи "Мерве" касе ҳалок нашудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
Раёсат таъкид кардааст, ки дар пайи ҳодисаи изтирорӣ 3 корманди ин муассиса осеб дидаанд, вале меҳмонон осеб надидаанд.
"Ду корманди тарабхона ҷароҳатҳои ночиз ва ҷоғи сеюмӣ осеб дида буд, ӯро ҷарроҳӣ карда, сипас ба хона фиристоданд", - гуфт манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки ҳодиса рӯзи душанбеи 30 октябр, тақрибан соати 13:24 дақиқа дар ошхонаи муассиса, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст, сар зад.
Илова бар ҷароҳатбардоштагон, як адад воситаи нақлиёти тамғаи "Лексус", ки дар наздикии ошхона қарор дошт, зарари техникӣ дидааст.
Манбаъ гуфт, ки ҳоло сабаби ҳодиса комилан дақиқ ва зарари он муаян карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳодиса дар ин қаҳвахона нест. Он соли 2018 низ оташ гирифта буд.
Қаҳвахонаи "Мерве", ҳудудан 25 сол аст, ки дар маркази Душанбе ба сокинону меҳмонони шаҳр хӯрокҳои туркӣ пешниҳод мекунад.
Ин қаҳвахона дар соли 2021 беҳтарин ошхонаи Душанбе эълон шуда буд.