https://sputnik.tj/20231002/sukhtor-shabona-bozor-sughd-1059725497.html
Сӯхтори шабонаи бозор дар Суғд: шарҳи мақомот - акс
Сӯхтори шабонаи бозор дар Суғд: шарҳи мақомот - акс
Sputnik Тоҷикистон
Сӯхторнишонҳо мегӯянд, фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, алангаи оташро хомӯш кардаанд. Дар натиҷа биною коло ба маблағи 3 млн сомонӣ ҳифз карда шуд
2023-10-02T13:29+0500
2023-10-02T13:29+0500
2023-10-02T14:29+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сӯхтор
хуҷанд
бозор
таҳқиқ
сабаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/02/1059723102_102:0:1179:606_1920x0_80_0_0_0c375df96f8aba82babe22d06127bda8.jpg
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд сабабҳои оташ гирифтани Ҷумъабозори шаҳри Хуҷандро таҳқиқ доранд. Дар Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки сӯхтор дар Ҷумъабозор шаби 2-юми октябр тақрибан соати 03:18 дақиқа рух дода, ҳудуди 100 метри мураббаъро фаро гирифтаст. Аз ҷумла якчанд мағоза ба коми оташ рафтаанд. Сокиноне, ки дар канори ин бозор иқомат мекунанд, изҳор медоранд, ки бар асари алангаи оташ маҳалларо дуд ва бӯй фаро гирифтаст. Мақомот мегӯянд, ба ҷойи ҳодиса 5 мошини сӯхторнишонии шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар шудаст. "Сӯхторнишонҳо баробари воридоти занги хатар ба маҳалли ҳодиса рафта соати 03:42 сӯхторро иҳота намуда ва соати 04:15 дақиқа алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш намуданд" - таъкид намуд нозири сӯхторнишонӣ. Ин манбаъ мегӯяд, бо мадади оташнишонҳо иморату иншооти атрофи бозор ба маблағи беш аз 3 млн сомонӣ аз коми оташ наҷот дода шудаанд. Ҷумъабозор яке аз бозорҳои бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Идораи сӯхторнишонӣ ҳоло сабаб ва зарари расида аз сӯхтор дар Ҷумъабозорро таҳқиқ доранд. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳр сӯхтор сар зада буд. Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 290 ҳодисаи сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола аз ҳисоби рӯхдоди чунин ҳодисаҳои нохуш даҳҳо млн сомонии иморату иншоот ба коми оташ мераванд.
https://sputnik.tj/20230928/anbori-sanoati-toshkent-tarkish-tafsilot-1059646400.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/02/1059723102_237:0:1045:606_1920x0_80_0_0_180afb9eb9177d3d732ac65432cf45b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳқиқ, сӯхтор, бозор, суғд, ҷой, ҳодиса
таҳқиқ, сӯхтор, бозор, суғд, ҷой, ҳодиса
Сӯхтори шабонаи бозор дар Суғд: шарҳи мақомот - акс
13:29 02.10.2023 (Навсозишуда: 14:29 02.10.2023) Эксклюзив
Сӯхторнишонҳо мегӯянд, фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, алангаи оташро хомӯш кардаанд. Дар натиҷа биною коло ба маблағи 3 млн сомонӣ ҳифз карда шуд
ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Мақомоти сӯхторнишонии Суғд сабабҳои оташ гирифтани Ҷумъабозори шаҳри Хуҷандро таҳқиқ доранд.
Дар Идораи сӯхторнишонии вилояти Суғд ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд, ки сӯхтор дар Ҷумъабозор шаби 2-юми октябр тақрибан соати 03:18 дақиқа рух дода, ҳудуди 100 метри мураббаъро фаро гирифтаст. Аз ҷумла якчанд мағоза ба коми оташ рафтаанд.
Сокиноне, ки дар канори ин бозор иқомат мекунанд, изҳор медоранд, ки бар асари алангаи оташ маҳалларо дуд ва бӯй фаро гирифтаст.
Мақомот мегӯянд, ба ҷойи ҳодиса 5 мошини сӯхторнишонии шаҳру навоҳии Хуҷанд ва атрофи он сафарбар шудаст.
"Сӯхторнишонҳо баробари воридоти занги хатар ба маҳалли ҳодиса рафта соати 03:42 сӯхторро иҳота намуда ва соати 04:15 дақиқа алангаи оташро ба пуррагӣ хомӯш намуданд" - таъкид намуд нозири сӯхторнишонӣ.
Ин манбаъ мегӯяд, бо мадади оташнишонҳо иморату иншооти атрофи бозор ба маблағи беш аз 3 млн сомонӣ аз коми оташ наҷот дода шудаанд.
Ҷумъабозор яке аз бозорҳои бузурги фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад. Идораи сӯхторнишонӣ ҳоло сабаб ва зарари расида аз сӯхтор дар Ҷумъабозорро таҳқиқ доранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Гулистони шаҳр сӯхтор сар зада буд.
Бар пояи иттилоъи мақомот давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ 290 ҳодисаи сӯхтор дар шаҳру навоҳии Суғд ба қайд гирифта шудааст. Ҳамасола аз ҳисоби рӯхдоди чунин ҳодисаҳои нохуш даҳҳо млн сомонии иморату иншоот ба коми оташ мераванд.