https://sputnik.tj/20231030/rustami-emomali-qazoqiston-noma-hamdardi-firistod-1060218748.html
Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон номаи ҳамдардӣ фиристод
Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон номаи ҳамдардӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ба наздикони куҳканҳои ҳалокшуда суханони дастгирӣ ва ҳамдардӣ ва инчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кард
2023-10-30T11:55+0500
2023-10-30T11:55+0500
2023-10-30T14:32+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
рустами эмомалӣ
номаи таслият
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_777439cfa14d9df553226aa9705d44fe.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қазоқистон барқияи таслият фиристод. Таслиятнома ба унвони раиси сенати парламенти ҷумҳурӣ Маулен Ашимбоев фиристода шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст. Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон низ ба унвонии ҳамтои қазоқаш Қосимҷомард Тоқаев паёми ҳамдардӣ ирсол карда, ҳамчунин занги телефонӣ низ дошт.Ёдовар мешавем, ки дар кони Костенкои ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағанда таркиш рух дод. Ҳодисаи изтирорӣ соати 02:33 рӯзи 28 октябр сар зад. Дар замони фоҷиа 252 нафар дар зери замин буданд. Аз ин теъдод 205 нафарро наҷот доданд. Тибқи маълумоти ахир, ҷасади 45 кушта пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон корҳои изтирорӣ дар кони Костенкоро идома медиҳанд.
https://sputnik.tj/20231029/jasad-konkan-qazoqiston-paydo-1060210560.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/04/1058070109_93:0:2824:2048_1920x0_80_0_0_9b4bbfa7ad21477c7dfcb2e407fb2fcb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ қазоқистон нома ҳамдардӣ
рустами эмомалӣ қазоқистон нома ҳамдардӣ
Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон номаи ҳамдардӣ фиристод
11:55 30.10.2023 (Навсозишуда: 14:32 30.10.2023) Рустами Эмомалӣ ба наздикони куҳканҳои ҳалокшуда суханони дастгирӣ ва ҳамдардӣ ва инчунин ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кард
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қазоқистон барқияи таслият фиристод.
Таслиятнома ба унвони раиси сенати парламенти ҷумҳурӣ Маулен Ашимбоев фиристода шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
"Таъзияи самимии моро барои талафоти одамон дар натиҷаи садама дар кони ангишт дар вилояти Қарағанда қабул кунед",- гуфта мешавад дар паёми номаи ҳамдардӣ.
Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил ва ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно кардааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон низ ба унвонии ҳамтои қазоқаш Қосимҷомард Тоқаев паёми ҳамдардӣ ирсол карда, ҳамчунин занги телефонӣ низ дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар кони Костенкои ҶСК "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағанда таркиш рух дод. Ҳодисаи изтирорӣ соати 02:33 рӯзи 28 октябр сар зад.
Дар замони фоҷиа 252 нафар дар зери замин буданд. Аз ин теъдод 205 нафарро наҷот доданд.
Тибқи маълумоти ахир, ҷасади 45 кушта пайдо шудааст. Наҷотдиҳандагон корҳои изтирорӣ дар кони Костенкоро идома медиҳанд.