https://sputnik.tj/20231031/peshsaf-vazorat-difo-natija-moh-sarbozgiri-1060254631.html
Кӣ пешсаф: гузориши Вазорати дифоъ аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон
Кӣ пешсаф: гузориши Вазорати дифоъ аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Тоҷикистон аз натоиҷи маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро шарҳ дод
2023-10-31T17:58+0500
2023-10-31T17:58+0500
2023-10-31T19:12+0500
дар тоҷикистон
даъват ба хидмат
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058732694_0:107:2048:1259_1920x0_80_0_0_5c8ed36a328dc46ae8f65ccc2481cda4.jpg
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - октябр, 75% иҷро шудаст.Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми маъракаи сарбозгирӣ гузориш додаанд.Ҳамин тариқ, иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳ 72% арзёбӣ шудааст.Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаст.Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ қисми зиёдашон нишондоди пешбинишударо аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 80% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.Масъулини комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 79% баробар намудаанд.Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 65% баробар шудааст.Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро карданд.Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
https://sputnik.tj/20231026/ahmadzoda-sughd-naqsha-davat-harbi-1060155257.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/08/0a/1058732694_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_d3bc7af377e5c2d39d68383576541d72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш вазорати дифоъ моҳ сарбозгирӣ тоҷикистон
гузориш вазорати дифоъ моҳ сарбозгирӣ тоҷикистон
Кӣ пешсаф: гузориши Вазорати дифоъ аз як моҳи сарбозгирӣ дар Тоҷикистон
17:58 31.10.2023 (Навсозишуда: 19:12 31.10.2023) Вазорати дифои Тоҷикистон аз натоиҷи маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар моҳи октябри соли ҷорӣ гузориш дода, иҷроиши нақша дар минтақаҳоро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - октябр, 75% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат комиссияҳои давлатии зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба анҷоми маъракаи сарбозгирӣ гузориш додаанд.
Ҳамин тариқ, иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон тайи як моҳ 72% арзёбӣ шудааст.
Аз байни чаҳор навоҳии пойтахт аввалин шуда, ноҳияи Исмоили Сомонӣ аллакай нақшаи пешбинишударо пурра ба анҷом расонидаст.
Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ қисми зиёдашон нишондоди пешбинишударо аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 80% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.
Масъулини комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 79% баробар намудаанд.
"Новобаста аз он, ки шаҳрвандон нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ин вилоят бештар даъват карда мешаванд, масъулини вобаста тайи чанд соли охир аст, ки пеш аз мӯҳлат аз иҷрои пурраи нақша гузориш медиҳанд", - афзудааст манбаъ.
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 65% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро карданд.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.