Аҳмадзода аз масъулони Суғд хост, нақшаи даъвати ҳарбиро сари вақт иҷро кунанд

© Фото : Пресс-служба главы СогдаГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Глава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2023
Обуна шудан
Маврид ба зикр аст, ки дар 20 рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ вилояти Суғд нисбат ба вилоятҳои дигар нишондоди пасттар дорад
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар Суғд давоми 20 рӯзи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ 54% - и нақша иҷро гардид, ки назар ба дигар минтақаҳои кишвар пасттар аст.
Масъалаи иҷроиши нақшаи даъвати ҳарбиро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят зимни машварати корӣ низ ба миён гузошт. Дар машварат раисони шаҳру навоҳии Суғд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомдорони вилоят ҳузур доштанд.
Аҳмадзода аз масъулон хост, ҷараёни даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ҷоннок шавад ва ҳар чӣ зудтар нақша иҷро гардид.
Военнослужащие в Хатлоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2023
Дар 20 рӯз чанд фисади нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд: посухи Вазорат
Қаблан Вазорати мудофиа омори 20 рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи кишварро эълон намуда, зикр кард, ки дар ин давра нақша 66% иҷро шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд.
Ҳамин тариқ давоми 20 рӯз вилоятҳо ва НТМ нақшаро ҳамин қадар иҷро намудааст:
НТМ - 73,3%
Хатлон - 71%
Душанбе - 65%
ВМКБ- дар аввалин рӯзи даъват иҷро намуд
Ёдовар мешавем, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0