https://sputnik.tj/20231031/overchuk-hajm-savdo-iiao-100-mlrd-dollar-peshbini-1060252691.html
Оверчук ҳаҷми савдо дар доираи ИИАО-ро беш аз 100 млрд доллар пешбинӣ кард
Оверчук ҳаҷми савдо дар доираи ИИАО-ро беш аз 100 млрд доллар пешбинӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар дохили иттиҳодия шароитҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар доираи созмон кор кардани намояндагони тиҷоратиро фоиданоктар мегардонанд
2023-10-31T17:33+0500
2023-10-31T17:33+0500
2023-10-31T17:33+0500
ииао
алексей оверчук
иқтисод
гардиши молу коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/02/1032199738_0:0:3399:1913_1920x0_80_0_0_0519e135398d8194609a1d419a01edf8.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол дар доираи ИИАО соли равон метавонад аз 100 млрд доллар зиёд шавад.Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар ҳошияи Форуми байналмилалии гумрукӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".Ба иттилои манбаъ, динамикаи муомилоти мол байни кишварҳо фаъол аст"Динамикаи савдо дар кишварҳои ИИАО хеле хуб пеш рафта истодааст, ман ҳамеша дар ин бора мегӯям. Агар савдои дохили ИИАО гирем, ки чӣ гуна рушд карда истодааст ва тиҷорати кишварҳои ИИАО-ро бо ҷаҳони беруна муқоиса кунем, хеле равшан аст, ки савдо дар доираи созмон хеле тезтар рушд мекунад", - гуфт ӯ. Инро маълумотҳои оморӣ низ тасдиқ мекунанд, қайд кард Оверчук. Соли гузашта гардиши мол ба сатҳи рекордии 84 млрд доллар расид ва афзоиши имсола низ хуб аст. Чунин омор, ба гуфтаи мансабдор, ба мо имкон медиҳад, таъкид кунем, ки “воқеан, имрӯз дар ИИАО шароит фароҳам оварда шудааст ва аз ин ҷост, ки намояндагони тиҷории панҷ кишвар мегӯянд, кор барояшон дар дохили созмон осону қулай аст", - гуфт мавсуф. Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии гумрук 30-31 октябри соли 2023 баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20231030/hind-va-iiao-muzokirot-dar-borai-tijorati-ozodro-az-sar-khohand-girift-1060220041.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/02/1032199738_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_40e4c419ab062e2fade24649bb8ee530.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оверчук савдо ииао тиҷорат
оверчук савдо ииао тиҷорат
Оверчук ҳаҷми савдо дар доираи ИИАО-ро беш аз 100 млрд доллар пешбинӣ кард
Дар дохили иттиҳодия шароитҳое ба вуҷуд омадаанд, ки дар доираи созмон кор кардани намояндагони тиҷоратиро фоиданоктар мегардонанд
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳаҷми муомилоти мол дар доираи ИИАО соли равон метавонад аз 100 млрд доллар зиёд шавад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук дар ҳошияи Форуми байналмилалии гумрукӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, хабар медиҳад РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, динамикаи муомилоти мол байни кишварҳо фаъол аст
"Динамикаи савдо дар кишварҳои ИИАО хеле хуб пеш рафта истодааст, ман ҳамеша дар ин бора мегӯям. Агар савдои дохили ИИАО гирем, ки чӣ гуна рушд карда истодааст ва тиҷорати кишварҳои ИИАО-ро бо ҷаҳони беруна муқоиса кунем, хеле равшан аст, ки савдо дар доираи созмон хеле тезтар рушд мекунад", - гуфт ӯ.
Инро маълумотҳои оморӣ низ тасдиқ мекунанд, қайд кард Оверчук.
Соли гузашта гардиши мол ба сатҳи рекордии 84 млрд доллар расид ва афзоиши имсола низ хуб аст.
"Дар ин ҷо баъзе пешгӯиҳо вуҷуд доранд, ки мо тиҷоратро аз 100 млрд доллар зиёдтар хоҳем кард, аммо ҳоло барвақт аст",- гуфт муовини сарвазири Русия.
Чунин омор, ба гуфтаи мансабдор, ба мо имкон медиҳад, таъкид кунем, ки “воқеан, имрӯз дар ИИАО шароит фароҳам оварда шудааст ва аз ин ҷост, ки намояндагони тиҷории панҷ кишвар мегӯянд, кор барояшон дар дохили созмон осону қулай аст", - гуфт мавсуф.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми байналмилалии гумрук 30-31 октябри соли 2023 баргузор мешавад.