https://sputnik.tj/20231030/hind-va-iiao-muzokirot-dar-borai-tijorati-ozodro-az-sar-khohand-girift-1060220041.html
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи тиҷорати озодро аз сар хоҳанд гирифт
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи тиҷорати озодро аз сар хоҳанд гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Барои гузаронидани арзёбӣ бештар Деҳлии Нав аз ҳамаи панҷ кишвари аъзои иттиҳод иқтисодӣ маълумотҳои тиҷоратӣ дархост кардааст
2023-10-30T13:50+0500
2023-10-30T13:50+0500
2023-10-30T18:04+0500
ииао
ҳиндустон
иқтисод
ҳамкорӣ
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:23:1401:811_1920x0_80_0_0_50285874321bcb863db0b12c8f12a8e6.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳиндустон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ташаббуси музокироти тиҷорати озодро пешбарӣ карданд.Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Business Standard хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин Ҳиндустон маълумоти охирини тиҷоратро аз кишварҳои ИИАО дархост кардааст."Ҳиндустон ва ИИАО дар моҳи марти соли 2020 лоиҳаи созишномаи тиҷоратӣ омода карданд, аммо баррасии он бинобар пандемияи Ковид-19 ба таъхир афтод. Моҳи январи соли 2022 ҳарду ҷониб шартҳои ниҳоии созишномаи тиҷории ба нақша гирифташударо муаррифӣ карданд, аммо музокироти минбаъда ва кор аз рӯи созишномаи тиҷоратӣ бо сар задани низоъ байни Русия ва Украина мушкил гашт.Мубодилоти молии Ҳиндустон бо кишварҳои ИИАО дар соли молиявии 2022-2023 50,3 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ин 49,3 миллиард доллари он бо Русия рост меояд. Дар ҳамин ҳол, ба Русия 49,3 миллиард, Қазоқистон 641 миллион, Арманистон 135,3 миллион, Белорус 111,8 миллион ва Қирғизистон 56,6 миллион доллар рост меояд. Ҳамин тариқ, агентӣ қайд мекунад, ки ҳиссаи Русия дар савдо бо Ҳиндустон дар соли молиявии 2023 98% -ро ташкил додааст. Гуфта мешавад, ки агар созишномаи тиҷоратӣ баста шавад, он муносибатҳои дуҷонибаи Ҳиндустон ва кишварҳои ИИАО-ро таҳким мебахшад.
https://sputnik.tj/20231029/bujai-iiao-loiha-hamkori-mablagh-judo-1060212171.html
ҳиндустон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1f/1055888049_0:0:1213:909_1920x0_80_0_0_4467f03c6a72071b22734f6b47a62c08.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳинд ииао музокирот тиҷорат озод
ҳинд ииао музокирот тиҷорат озод
Ҳинд ва ИИАО музокирот дар бораи тиҷорати озодро аз сар хоҳанд гирифт
13:50 30.10.2023 (Навсозишуда: 18:04 30.10.2023) Барои гузаронидани арзёбӣ бештар Деҳлии Нав аз ҳамаи панҷ кишвари аъзои иттиҳоди иқтисодӣ маълумотҳои тиҷоратӣ дархост кардааст
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҳиндустон ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ташаббуси музокироти тиҷорати озодро пешбарӣ карданд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Business Standard хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар робита ба ин Ҳиндустон маълумоти охирини тиҷоратро аз кишварҳои ИИАО дархост кардааст."
"Муҳокимаи муқаддамотӣ доир ба ин масъала идома дорад. Барои арзёбӣ Ҳинд аз ҳамаи панҷ кишвар маълумоти тиҷоратӣ дархост кардааст", - гуфтааст манбаъ ба нашрия.
Ҳиндустон ва ИИАО дар моҳи марти соли 2020 лоиҳаи созишномаи тиҷоратӣ омода карданд, аммо баррасии он бинобар пандемияи Ковид-19 ба таъхир афтод.
Моҳи январи соли 2022 ҳарду ҷониб шартҳои ниҳоии созишномаи тиҷории ба нақша гирифташударо муаррифӣ карданд, аммо музокироти минбаъда ва кор аз рӯи созишномаи тиҷоратӣ бо сар задани низоъ байни Русия ва Украина мушкил гашт.
Мубодилоти молии Ҳиндустон бо кишварҳои ИИАО дар соли молиявии 2022-2023 50,3 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ин 49,3 миллиард доллари он бо Русия рост меояд. Дар ҳамин ҳол, ба Русия 49,3 миллиард, Қазоқистон 641 миллион, Арманистон 135,3 миллион, Белорус 111,8 миллион ва Қирғизистон 56,6 миллион доллар рост меояд.
Ҳамин тариқ, агентӣ қайд мекунад, ки ҳиссаи Русия дар савдо бо Ҳиндустон дар соли молиявии 2023 98% -ро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки агар созишномаи тиҷоратӣ баста шавад, он муносибатҳои дуҷонибаи Ҳиндустон ва кишварҳои ИИАО-ро таҳким мебахшад.